Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Бар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, фаъолияти созмони башардӯстонаи амрикоии «
Mercy
Corps
» аз сар гирифта шудааст.
Масъулони ин додгоҳ гуфтанд, ки ин иқдом бо дархости вазорати адлия ё додгустарии Тоҷикистон мабнӣ бар иҷозаи идомаи фаъолияти ин созмони байналмилалии башардӯстона сурат гирифтааст.
Додгоҳ тақрибан як моҳ пеш фаъолияти созмони башардӯстонаи «Ҳайъати Шафқат»-ро ба иллати ончи «нақзи қонуни Тоҷикистон дар бораи созмонҳо ва иттиҳодияҳои иҷтимоъӣ» хонда мешавад, мутаваққиф карда буд.
Масъулони давлатӣ ин созмонро ба мамонеъат аз бозрасии фаъолияти он, фуқдони ироаи гузоришхои солона ба вазорати адлия ва сарпечӣ аз посух ба номаҳо ва дархостҳои ниҳоди давлатӣ муттаҳам карда буданд.
Ҳамакнун Давлат Сулаймонов, раиси идораи сабти номи созмонҳои байналмилалӣ, аҳзоб ва иттиҳодияхои иҷтимоъии Вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт: «Дар ин муддат ин созмон нуқсонҳои мавҷудро ислоҳ кард ва аз додгоҳ дархост кардем, ки барои идомаи фаъолияти он иҷоза диҳад».
Бренди Вестерман, раиси созмони байналмилалии «
Mercy
Corps
» зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки аз рӯзи чаҳоршанбе ин созмон фаъолияташро ба таври расмӣ аз сар гирифта ва қавонини Тоҷикистонро чун дар гузашта муроъот хоҳад кард.
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста