Нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев бар ин назар аст, ки маҳкумшудагон ба ифротгароии диниро аз маҳбусони дигар ҷудо нигоҳ доштан зарур аст, то ки аз падидаи ба тундгароӣ гаравидан ва ҷалби дигар зиндониён ба гурӯҳҳои ифротгаро пешгирӣ шавад.

Хабаргузории Интерфакс дар ин робита менависад, Сариев дар ҷаласаи ҳайати мушовараи ВКД Қирғизистон гуфтааст, «дар ҷумҳурӣ барои маҳкумшудагон ба ифротгароии динӣ бояд зиндони алоҳида ташкил карда шавад, чунки онҳо фаъолона ба ҷалби ҷинояткорон ба сафҳои худ оғоз мекунанд».

«Муттаҳидшавии ифротгароёни динӣ бо ҷинояткорон ба омехтаи мудҳише табдил меёбад ва натиҷаи ин иттиҳодро мо ҳафтаи гузашта дар Бишкек шоҳид будем, ки хадамоти махсус як гурӯҳ намояндагони созмони террористиро аз байн бурданд ва миёни онҳо аъзои гурӯҳи муташаккили таҳти сарпарастии Давлати исломӣ қарордошта низ ҳузур доштанд», - иброз доштааст Сариев.

Ба андешаи нахуствазири Қирғизистон, дар зиндони ҷудогона нигоҳ доштани маҳкумшудагон барои ифротгароии динӣ имкон медиҳад, ки ба гаравидани дигар маҳбусони зиндон ба тундгароӣ роҳ дода нашавад.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони макомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи ҷануби Қирғизистон, ки дар ин ҷо ҳодисахои бештари ҷалби шаҳрвандон ба сафи тундгароёни исломӣ дар Сурияву Ироқ ба қайд гирифта шудааст, барвақт дар бораи ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон ба ифротгароии динӣ аз дигар маҳбсуонро масъалагузорӣ карда буданд.