Пайкараи президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Москва дар гулгаште, ки аллакай ба номи вай гузошта шудааст, месозанд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин қарор дар ҷаласаи комиссияи санъати пайкарасозии Думаи шаҳрии Москва қабул шудааст.

Қаблан аввали моҳи ноябр як гулгашти мавзеи Якиманкаи шаҳри Маскав низ Ислом Каримов номгузорӣ шуд. Дар шаҳрдории Маскав дар ин робита изҳор дошта буданд, ки Ислом Каримов номгузорӣ шудани ин майдонро донишмандон, сиёсатмадорон ва аҳли ҳунари Русия ва Ӯзбекистон дархост кардаанд. Гулгашти мазкур дар наздикии консулгарӣ ва меҳмонхонаи Ӯзбекистон ҷойгир аст.

Ҳамчунин чанде қабл Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарореро ба имзо расонид, ки мутобиқи он барои бунёди муҷассамаи аввалин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов озмуни байнулмилалӣ эълон мешавад.

Пеш аз ин иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон, нахуствазири ин кишвар Шавкат Мирзиёев пешниҳод карда буд, ки дар шаҳри Тошканд майдони ба номи Ислом Каримов бунёд гардад.