Дар як оилае аз вилояти Андиҷон сегоникҳои хурдсолро ба ифтихори нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Абдуғаниевич Каримов - Исломҷон, Абдуғанӣ ва Каримҷон ном гузоштанд, хабар медиҳад CA-news бо истинод ба маъмурияти ин вилоят.

Раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов рӯзи 30 январ, санаи таваллуди аввалин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба хонаи ин оила ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи сегоникҳо воқиф гардид.

«Мо хеле хурсандем, ки маъмуриятҳои вилояту ноҳия ва сокинони маҳалла ба ин масъала таваҷчуҳ зоҳир мекунанд, - гуфтааст модари сегоникҳо Фотимахон. - Табибон ҳам ҳамарӯза аз ҳоли мо хабар гирифта, бародарони калонии сегоникҳо - Машҳурбек, Самандар, Искандар ва Мансурбек дар вақтҳои холӣ аз дарсу машғулиятҳо онҳоро нигоҳубин ва ба корҳои хона кумак мекунанд».

Қобили зикр аст, ки санаи 30 январ зодрӯзи нахустин президенти Ӯзбекистон аст ва дар ин рӯз ӯ 79-сола мешуд. Дар ин рӯз дар Самарқанд ҳазорон нафар ба зиёрати қабри ӯ омада, дар саросари кишвари ҳамсоя ба хотири ёдбуди Ислом Каримов чорабиниҳои гуногун доир гардиданд.