Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар пойтахт, гурӯҳи муштараки таблиғотӣ таъсис дода мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони тамоми хадамоти шаҳрдорӣ, омӯзгорону табибон, эпидемиологу экологҳо, ҳуқуқшиносон ва ходимони дин шомил шудаанд.

Масъулони иҷрои ин тадбир бояд ба сокинони талаботҳои асосии санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Тоҷикистон, пеш аз ҳама меъёрҳои қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи  пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро шарҳу тавзеҳ бидиҳанд.

Раиси пойтахт ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои марбутаи ноҳияҳои пойтахт дастур додааст, ки барои баргузор намудани вохӯрии аъзои гурӯҳ бо аҳолӣ, коргарону хизматчиён ва намояндагони аҳли ҷомеа мусоидат кунанд.

Гурӯҳи муштараки таблиғотӣ ҳар семоҳа назди раиси пойтахт дар бораи корҳои анҷомдодааш гузориш медиҳад.