Аз соли нави хониш дар Ӯзбекистон Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ ба фаъолият оғоз мекунад, ки ба он довталабони доимо муқими вилояти Тошканд ва нокомшуда (нагузашта) аз имтиҳоноти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ва дигар макотиби олии самтҳои дахлдор ва ба ин монанд қабул карда мешаванд. Дар ин бора қарори президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев содир шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории «Фергана», дар донишкадаи мазкур муаллимони синфҳои ибтидоӣ, омӯзгорони фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва ғайримактабӣ тайёр карда мешаванд. Хатмкунандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ва деҳоти вилояти Тошканд бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.

Гуфта мешавад, шумори квотаи қабул ба Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ дар соли хониши 2017/2018 - 750 нафарро ташкил дода, таҳсил пулакӣ аст. Собиқ ректори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Ғафурҷон Муҳаммедов роҳбари ин Донишкада таъин шудааст.