Ӯзбекистонии 40-сола дар шаҳри Нэшвилли аёлати Теннисси Амрико вафот кард. Ба огаҳии пулис, ин мард Дониёр Абдумаҷидов буд, ки 1,5 моҳ пеш ҳамроҳ бо хонаводааш ба Амрико омад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Дониёр Абдумаҷидов 25 август аз сараш тир хӯрдааст. Пулис ҳодисаро тафтиш мекунад. Маълум нест, ки чаро ба Абдумаҷидов ҳамла сурат гирифтааст.

Расонаҳо менависанд, Дониёр Абдумаҷидов дар як корхонаи питсопазӣ фаъолият мекард.

Ҳомии ҳуқуқи ӯзбек Суҳроб Исмоилов, ки ӯ низ дар Амрико зиндагӣ мекунад, гуфт, давоми чанд рӯз барои кӯмак ба Дониёр Абдумаҷидови маҷруҳ наздики 40 ҳазор доллар ҷамъ шуд.