Аз 1-уми январи соли 2020 барои шаҳрвандони Чин реҷаи бераводиди воридшавӣ ба Ӯзбекистон мавриди амал қарор мегирад.

Чанде пеш дар ин хусус фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расид. Дар ин бора “Фергана” хабар медиҳад.

Шаҳрвандони Чин тариқи фурудгоҳҳои байнулмилалӣ бидуни анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ба Ӯзбекистон ворид шуда метавонанд, агар муҳлати ҳузурашон на бештар аз 7 рӯз бошад.

Моҳи март ҳукумати Ӯзбекистон реҷаи раводидро барои шаҳрвандони Ҳонконг низ осонтар карда буд. Ба онҳо барои гирифтани раводиди электронӣ, ҳамчунин дастрас кардани Ҳуҷҷати зист иҷоза дода шуд.

Ҳамчунин аз 1-уми январи соли 2020 Ӯзбекистон бо 20 кишвари Ҳавзаи Кариб реҷаи бидуни раводид ҷорӣ мекунад.

Ин навгонӣ ба Ӯзбекистон имкон дод, ки дар паҳнои ИДМ дуюм (пас аз Гурҷистон)  ва дар Осиёи Марказӣ якум кишваре шавад, ки чунин реҷаи осони вуруд барои шаҳрвандони хориҷиро дорад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сайёҳии Ӯзбекистон, моҳи июни соли ҷорӣ 5283 шаҳрванди Чин ба Ӯзбекистон рафтаанд. Бо назардошти шумори сайёҳони аз кишварҳои хориҷи дур ба Ӯзбекистон воридшуда теъдоди шаҳрвандони Чин танҳо аз Туркия (5745 нафар) ва Афғонистон (5474 нафар) камтар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.