Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гуфтааст, "ҳар вақте кишвараш ба масири қонунӣ баргардад" омода аст, аз мақоми худ истеъфо диҳад.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, матни паёми Жээнбеков ба қирғизистониҳо шаби 8 ба 9 октябр дар сомонаи расмии ӯ нашр шуд.
"Вазъи сиёсии кишвар ба нуқтаи буҳронӣ расид. "Барои эътидоли вазъи ба вуҷуд омада гомҳои зеринро бояд бардошт. Бекор кардани натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ. Ҳоло бояд интихоботи нави порлумонӣ эълом шавад. Қарор дар ин бораро бояд Комиссияи марказии интихоботӣ қабул кунад. Ин чораҳо ташаннуҷи кунунии сиёсиро коҳиш медиҳанд", - изҳор доштааст Жээнбеков.
Ӯ ҳамчунин илова кардааст, "сарвазир ва аъзои ҳукумате, ки то буҳрон фаъолият мекарданд, ба истеъфо фиристода шаванд, то барои таъйини мансабдорони нав асоси қонунӣ фароҳам гардад".
Ба гуфтаи Жээнбеков, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон бояд амнияти вакилони порлумони ин кишварро таъмин созанд, то онҳо тавонанд вазифаҳои худро иҷро кунанд.
"Барои ман ягон мансаб болотар аз якпорчагии давлат, иттиҳоди мардум ва оромии ҷомеа нест. Мо бояд ҳарчи зудтар вазъро ба маҷрои ҳуқуқӣ баргардонем. Ҳар вақте раҳбарони қонунии ниҳодҳои иҷроияи давлатӣ таъйин шуданду кишвар ба масири қонунӣ баргашт ман омодаам, ки аз мақоми президентӣ истеъфо диҳам", - гуфтааст ӯ.
Гуфта мешавад, ин дар ҳолест, ки президенти Қирғизистон пештар ҳаводиси ахири кишварашро "талоши ғасби қудрат" арзёбӣ мекард.
Ёдрас мешавад, ки эътирозгарон зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон шаби 5 ба 6 октябр бинои порлумон ва дафтари раёсатҷумҳуриро ғасб карданд. Президент Жээнбеков аз мазҳари ом нопадид шуд, вале хадамоти матбуотии ӯ пайваста аз номаш изҳорот нашр ва ҳар бор таъкид мекунад, ки президент дар Бишкек аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста