Аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Дилшод Раҳмон ва Мақсудалӣ Умарализода ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар Ӯзбекистон, ки 24 октябр доир мегардад, пайгирӣ (мониторинг) мекунанд.

Вакилон ба сифати нозирони байнулмилалӣ аз Тоҷикистон ба ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода онро роҳбарӣ мекунад, шомил мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ.

Ғайр аз ин, сиёсатмадори тоҷик, собиқ дабири кулли ИДМ Рашид Алимов низ ба ҳайати намояндагони СҲШ оид ба мониторинги интихобти президенти Ӯзбекистон шомил карда шудааст.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҷараёни баргузории маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистонро дар ҳайати намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ пайгирӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон аз 5 ҳизби сиёсӣ номзадҳо пешбарӣ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.