Муовини сардори Раёсати Вазорати мудофиаи Узбекистон дар умури тарбия ва идеологӣ Ойбек Мамадалиев 25 апрел гуфт, дар рӯзи 9 май баргузории паради низомӣ дар нақша намебошад.
Мамадалиев афзуд, ки дар он рӯз баргузории чорабиниҳои бахшида ба эҳтироми пиронсолон дар назар аст. Намояндаи Вазорати дифои Узбекистон изҳор дошт, ки кишвараш ду соли ахир паради низомӣ баргузор намекунад.
Ахиран Қирғизистон ва Қазоқистон низ эълом карданд, ки дар рӯзи 9 майи соли равон паради низомӣ баргузор намекунанд.
Пештар дар шабакащои иҷтимоӣ хабаре дасти ба даст мегашт, ки дар Тошканд паради низомӣ ба ифтихори 9-уми май баргузор мешавад.
Намояндагони вазорати дифои Ӯзбекистон гуфтаанд, ки дар ин рӯз ба хабаргирии собиқадорони ҷанг мераванд ва барои онҳо барномаҳои идона дар назар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




Беш аз $3 млрд қарзи хориҷии Тоҷикистон. Душанбе аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст ва барои пардохти он чӣ бояд кунад?
Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик аз “UFC” берун карда шуд
СААД хабарҳо дар бораи кумак хостани Тоҷикистон аз ин созмонро рад кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Марги 3 кас дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи Норак
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 декабри соли 2025
Ҳукумати Толибон консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистонро бастааст
“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд
Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста