Дар Қазоқистон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи он кишвар рӯзи 5 июн раъйпурсии умумихалқӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 5 май фармон имзо кард.
Интизор меравад, ки бар пайи ин тағйирот мақоми "пешвои миллат" ё "Елбасӣ"-ии раисҷумҳури собиқи ин кишварро, ки меъёри конститусионист, бекор шавад.
"Ислоҳоти Конститутсия ба тағйироти куллии ҳамаи шохаҳои ҳокимият равона шудааст. Тағйирот гузариши қатъӣ аз шакли идорасозии "президенти қавӣ" ба шакли ҷумҳурии президентӣ бо порлумони бонуфуз ва ҳукумати ҳисоботдиҳандаро мадди назар дорад", - гуфт Тоқаев рӯзи 5 май.
Тоқаев дар як суханронӣ рӯзи 29 апрел гуфта буд, ки раъйпурсӣ барои қабули Конститутсия дар он кишвар бори охир соли 1995 баргузор шудааст. "Баъд Қонуни конститутсионӣ "дар бораи раъйпурсии умумӣ" қабул шуд, ки боре ҳам истифода нагардидааст. Аммо аз он сол то кунун Конститутсияи Қазоқистон чаҳор бор тағйир дода шуд. Бовар дорам, ки тағйирот ба Конститутсия тавассути раъйпурсии умумихалқӣ иродаи халқро ба намоиш хоҳад гузошт", - гуфт Тоқаев.
Дар 27 соли мавҷудияти Конститутсия Қазоқистон ба он панҷ маротиба тағйирот ворид ва бештар аз 60 моддаи он дигар карда шудааст.Тоқаев ҳанӯз 16 марти имсол дар бораи зарурати тағйирот ба Конститутсия суҳабт карда буд. Интизор меравад, ба 33 моддаи Қонуни асосии он кишвар 56 тағйиру илова ворид карда шавад.
Коршиносон мегӯянд, натиҷаҳои ин раъйпурсӣ аз пеш маълум ҳастанд. Мунаққидон бовар доранд, ки пешниҳодҳои Тоқаев барои тағйиру иловаҳо хосияти ороишӣ доранд ва табиати низоми худкомаро тағйир нахоҳанд дод. Гуруҳи корие, ки тағйирот ба Қонуни асосии он кишварро таҳия дорад, рӯзи 25 апрел тағйиру иловаҳои мавриди назарро нашр кард. Аз ҷумла, бар асоси ин тағйирот, барқарории Додгоҳи конститутсионӣ дар назар аст, ки соли 1995 бекор шуда буд; узви ҳизб будани президент манъ хоҳад шуд ва пайвандони вай аз ишғоли мансабҳои сиёсӣ ё роҳбарӣ дар ниҳодҳои давлатӣ маҳрум хоҳанд гардид; тағйирот ҳамчунин ба фаъолияти порлумон ва низоми интихоботӣ низ дахл мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 декабри соли 2024
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста