Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки дар наздикии марзи ин кишвар бо Ӯзбекистон як нақби махфии дигар ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, нақби махфӣ барои қочоқи молро дар манзили як сокини шаҳри Қарасуи вилояти Ӯши Қирғизистон ошкор кардаанд.

Ба иттилои кумита, соҳибхона моҳи сентябри соли 2021 бо шахсони дар ҳоли ҳозир номаълум созиш карда, барои интиқоли маҳсулоти ниёзи аввал ва асъори хориҷӣ ба берун аз Қирғизистон нақбро кандааст.

Зикр мегардад, ки гумонбар ҳангоми бозпурсӣ ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда, барои ҳамкорӣ бо муфаттишон изҳори омодагӣ кардааст.

Қаблан дар деҳаи Телмани Қарасу низ чунин нақб пайдо шуда буд. Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, нақб дар умқи 15 метр ва дар фосилаи 40 метр аз марз ҷойгир буд. Дарозии он 270 метрро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.