Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тасмим доранд, механизми таҳримҳои такрориро эҷод кунанд. Ин механизм имкон медиҳанд, нисбати кишварҳое таҳрим ҷорӣ шавад, ки Русияро дар давр задани таҳримҳои аввалия ёрӣ мерасонанд, хабар медиҳад пойгоҳи centralasian.org.

Ҳадафи аввали механизми мазкур мумкин аст, ки кишарҳои Осиёи Марказӣ бошанд. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад.

“Ҳадафи асосии ин тасмим садди роҳи кишварҳое шудан аст, ки ба Русия кӯмак мерасонанд ва бастани маҷроҳоест, ки Москва аз онҳо истифода мекунад. Агар ин механизм кор надиҳад, Иттиҳод ба унвони қадами навбатӣ таҳримҳои ҳадафмандона ҷорӣ хоҳад кард”, - хабар додааст Bloomberg.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, баъди ҷорӣ кардани таҳримҳои нисбати Русия, баъди ҳамлаи густарда ба Украина дар соли 2022, содироти маҳсулот, аз ҷумла “низомҳои техникӣ ва дигар дастгоҳҳои муҳим аз Қазоқистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Чин ва дигар кишвар” ба Русия афзудааст.

Ба бовари мақомоти Ғарбӣ, компонентҳое, ки аз кишварҳои зикршуда ба Русия ворид шудааст, барои таъмири дронҳо ва сохтани мушакҳо истифода мешаванд, ки Русия бо онҳо ба Украина зарба мезанад.

Бояд гуфт, ки ин аллакай маротибаи аввал нест, ки давлатҳои Ғарб, аз ҷумла ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо эҳтимоли кӯмаки давлатҳои Осиёи Миёна ба Русия ҷиҳати давр задани  таҳримҳои ҷоришударо баррасӣ мекунанд ва бо ҷорӣ кардани таҳрим таҳдид менамоянд. Қаблан низ ин кишварҳо давлатҳои минтақаро ҳушдор дода буданд, ки ба Русия кӯмак накунанд, то таҳрим нашаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.