Дар ҷаласаи гурӯҳи муштараки кории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба истифодаи комплексии захираҳои обии дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ ҳайатҳои ҳарду кишвар имкониятҳои истифодаи захираҳои обии кӯли Сарезро барои таъмини кишварҳои минтақа бо оби тозаи нӯшокӣ баррасӣ карданд.
Ҷаласа рӯзи 3 август дар Душанбе таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев баргузор шуд.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳо ба масоили амалисозии лоиҳаҳои нави муштараки фаромарзӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи хоҷагии об таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ният доранд ба ҳамкориҳо дар соҳаи истифодаи муштараки захираҳои обӣ густариш бахшанд.
Қобили зикр аст, ки масъалаи истифодаи оби кӯли Сарез барои эҳтиёҷоти ҳарду кишвар дар таъмин бо оби нӯшокӣ ҳанӯз соли 2018 дар суҳбати сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев зимни сафари сарвари давлати Тоҷикистон ба Ӯзбекистон баррасӣ шуда буд.
Он замон сарони кишварҳо ба комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дастур дода буданд, ки чунин имконият мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ дар форумҳои байнулмилалӣ чандин бор таъкид дошт, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тоза аст ва пешниҳод мекард, ки кӯли Сарез барои таъмини кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо оби нӯшокӣ барои давраи дарозмуҳлат истифода шавад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчунин пешниҳод карда буд, ки интиқоли об нӯшокӣ аз кӯли Сарез ба дигар кишварҳои Осиё, аз ҷумла Эрон, Урдун ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба роҳ монда шавад.
МАЪЛУМОТНОМАИ “АЗИЯ-ПЛЮС”
Сарез кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 миллион тонна баробар аст.
Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.
Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста