Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар моҳи августи соли 2024 бо мақсади густариши мубодилаи сайёҳӣ пешниҳод кард, ки масъалаи эътирофи мутақобилаи ID-кортҳои миллӣ ва таҳияи пешниҳодҳои сайёҳии оммавӣ тибқи усули «Як сафар — тамоми минтақа» мавриди омӯзиш қарор гирад.

 

Чаро чунин пешниҳод ба амал омад?

Кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал дидгоҳи ягонаи рушди ҳамкориҳои минтақавиро мувофиқа карданд — Консепсияи «Осиёи Марказӣ-2040», ки нияту мақсади давлатҳоро ба ҳамкорӣ тасдиқ кард.

«Ҳамагӣ ҳафт сол қабл сарҳадҳои мо қариб ки комилан баста буданд. Мо шоҳиди низоъҳо ва минагузории ҳудудҳои марзӣ, қатъи ҳаракати нақлиёт, монеагузориҳои зиёд дар тиҷорат будем...

Ҳамаи ин дар асл ба арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ, ки мардуми Осиёи Марказӣ дар тӯли асрҳо дар якҷоягӣ бо сулҳу ваҳдат зиндагӣ  ва як дини ягона доштанд, расму анъанаҳои умумиро риоя мекарданд ва бо ҳазорҳо риштаҳои ноаён пайванд буданд, мухолифат мекард», — изҳор дошта буд дар моҳи августи соли 2024 намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Абдулазиз Комилов.

 

Фоидааш чист?

Мирзиёев зикр кард, ки иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ якдигарро пурраву комил намуда, худи кишварҳо шарикони тиҷоратии табиӣ мебошанд.

«Рӯйдодҳои атрофи Украина ва Ховари Миёна мустақиман ба рушди устувори минтақа таъсир мерасонад. Занҷираҳои анъанавии тиҷоратию нақлиётӣ халалдор шуданд. Мо гаравгони сиёсати таҳримӣ гардидем, хароҷоти логистикӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, фишорҳои таваррумӣ баланд шуд», — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар чунин шароит, ба гуфтаи сарвари давлати Ӯзбекистон, минтақа ба модели нави шарикӣ дар иқтисод ниёз дорад.

Аз торнамои grmos.ru

 

Кадом кишварҳо метавонанд шиносномаҳои якдигарро эътироф кунанд?

Сухан дар бораи кишварҳои панҷгонаи Осиёи Марказӣ меравад — Точикистон низ ба он дохил мешавад.

 

Оё ин мисли Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд?

Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки дар Осиёи Марказӣ тиҷорат ё бозори ягона вуҷуд хоҳад дошт. Дар ин замина дар бораи равуо (ҳаракат)-и озод байни кишварҳо сухан меравад.

«Мутаассифона, «шаклгирии минтақавӣ»-и Осиёи Марказӣ хеле суст пеш меравад. Баъди берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва муноқишаи Русияву Украина, ҳамзамон барои суръат бахшидан ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва эҳтимоли ҳамгироии наздик дар минтақаи мо «панҷараи имкониятҳои» нодир ба вуҷуд омадааст», — мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов.

Ба гуфтаи ӯ, гузариш аз шиносномаҳои хориҷӣ ба шиносномаҳои дохилӣ ҳангоми сафарҳои мутақобила байни кишварҳо, тавре ки таҷрибаи Ӯзбекистон ва Қирғизистон нишон дод, оғози хеле демократӣ аст.

Онро бояд ба маънои васеъ қабул кард — ҳамчун тавсеа ва амиқсозии ҳамкориҳои минтақавӣ, зеро табақаҳои васеи аҳолӣ (махсусан сокинони деҳаҳои дурдаст) тадриҷан ба ҳамкориҳои минтақавӣ ҷалб шуда, ба он хусусияти ғайриқобили баргашт медиҳанд.

 

То кадом андоза ин идеяро дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунанд?

Абдуғанӣ Мамадазимов зикр мекунад, ки ин пешниҳоди Ӯзбекистон кайҳо боз лозим буд, аз соли 2016 инҷониб.

«Тӯли ин солҳо постгоҳҳои назоратӣ кушода шуданд, аммо мушкилоти шиносномаҳои хориҷӣ ҳанӯз ҳам барои равуои мардум монеа боқӣ мемонад», — мегӯяд ӯ.

Сиёсатшинос бар ин назар аст, ки эътирофи мутақобилаи ID-кортҳои миллӣ як иқдоми мусбат аст.

Тибқи маълумоти кишварҳои минтақа, истифодаи ID-кортҳо дар солҳои наздик метавонад ҷараёни сайёҳиро 25-30% зиёд кунад, ба истиснои Туркманистон бо низоми раводид (виза).

Ин идеяи эътирофи мутақобилаи ID-кортҳоро коршиносони дигар кишварҳо низ дастгирӣ мекунанд — масалан, таҳлилгари иқтисодӣ аз Ӯзбекистон Қабилҷон Исмоилов изҳор дошт, ки "ба Ӯзбекистон роҳандозии муносибатҳо бо Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон осон аст. Шахсан ман иқдомоти хуберо аз ҷониби Туркманистон намебинам».

 

Ин кай ҷорӣ карда мешавад?

Дар асл маълум нест, ки оё ин лоиҳа дар ниҳоят амалӣ мешавад ё не. Аммо ҳатто агар ҳамаи кишварҳо розӣ шаванд ҳам, коршиносон бар ин назаранд, ки ин раванд зуд сурат нагирифта, ҳадди ақалл чанд сол вақтро талаб хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.