Президенти Қирғизистон Содир Жапаров фармонеро дар бораи чораҳои татбиқи қонун “Дар бораи дафн ва маросими дафн” имзо кард, ки дар асоси он насби ёдгориҳо дар қабристонҳои мусулмонон манъ мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии президенти Қирғизистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, президенти Қирғизистон бо имзои ин фармон аз Идораи мусулмонони Қирғизистон хостааст, ки дар ин робита фатво (қарор) бароранд.
Гуфта мешавад, ки ин фатво насб кардани муҷассамаҳо, гузоштани сангҳои мармар, сохтани панҷараҳо ва дигар анвои ёдгориҳоро манъ мекунад.
Аммо барои қабрҳои дорои аҳамияти таърихӣ-фарҳангӣ ин қарор метавонад истисно карда шавад.
Жапаров қаблан ҳам дар ин робита ибрози андеша карда ва гуфта буд, ки “мувофиқи шариат барои мусулмон насб кардани сангҳои қиматбаҳо ва гузоштани аксҳо дар қабр, иҳота кардани он бо панҷараҳои оҳанӣ, истифодаи семент ва бетон манъ аст”.
“Чунин одатҳо ба мурда кӯмак намерасонанд. Баръакс, истифодаи маводи сӯхт ва сохтани бомҳо болои қабр ба рӯҳи мурда азоб меоранд”, - таъкид карда буд Содир Жапаров дар мусоҳибааш бо “Кабар”.
Акнун ӯ аз ҳамватанони худ хостааст, ки насби ёдгориҳои сангинро дар қабристонҳо қатъ кунанд.

“Ман парво надорам, ки баъзе сиёсатмадорон чӣ мегӯянд. Барои гиромидошти хотираи мурдагон, ҳар рӯз дар хона барои онҳо Қуръон хондан ё ҳатто агар шумо дур бошед, онҳоро ёд кардан мумкин аст. Ин кофист. Он гоҳ мурдагон хушҳол хоҳанд буд. Насби ёдгориҳои металлӣ ё мақбараҳои дуошёна анъанаи мо нест”, - мегӯяд Жапаров.
Тибқи ин фармон, ёдгориҳои болои қабр ва панҷараҳо бояд аз маводи чӯбӣ сохта шаванд ва аз 0,7 метр баландтар набошанд. Ба ақидаи раиси ҷумҳури Қирғизистон, чунин чораҳо ба пешгирии исрофкорӣ ҳангоми сохтани ёдгориҳои болои қабр мусоидат мекунанд.
Идораи мусулмонони Қирғизистон ба Комиссияи давлатӣ оид ба корҳои динӣ, намояндагони ваколатдори президент дар вилоятҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва якчанд сохторҳои дигар супориш додааст, ки дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои дафни мурдагон кори доимии иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Рӯзҳои ҷашни Наврӯз обуҳавои Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2025
Манбаъ: Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шуд
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳадӣ ошкор шуд. Тошиев бори дигар ба парлумон рафт ва аз созиши марзӣ гуфт
Шикоят доред? Муроҷиат кунед! Агентии зиддифасод имсол кадом ниҳодҳоро месанҷад?
Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста