То моҳи апрели соли 2025 ба Қазоқистон 11 млрд метри мукааб об аз Сирдарё ваъда доданд. Тавре ки vlast.kz бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон хабар медиҳад, чунин қарор зимни ҷаласа дар Ашқобод қабул шудааст.
Вазири захираҳои об ва обёрӣ Нуржан Нуржигитов бо намояндагони Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон дидору гуфтушунид намуда, Қирғизистон ба сифати нозир иштирок кардааст.
Тибқи нақша, то 1 апрел ба обанбори Шардара ҳаҷми зарурии об ворид мешавад, ки ба таъмини минтақаҳои ҷануби Қазоқистон бо об барои мавсими обёрии соли 2025 имкон медиҳад.
“Мехоҳам натиҷаи мусбати кори муштаракро аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи 86-ум зикр кунам. Аз ҷумла, қарордодҳо бо Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши обу энергетика амалӣ шуда, инчунин дар мавриди мувофиқаи реҷаи кори обанбори “Баҳри тоҷик” дар мавсими обёрии соли равон тадбирҳо андешида шуданд”, - гуфтааст Нуржигитов.
Гуфта мешавад, иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамчунин ҷадвали кори обанборҳоро дар ҳавзаи дарёҳои Сирдарё ва Амударё тасдиқ намуда, маҳдудиятҳо (лимитҳо)-и интиқоли об барои кишвраҳои Осиёи Марказиро дар давраи тирамоҳу зимистони оянда тақсим карданд.
Зимнан зикр мегардад, ки вохӯрии навбатии комиссия дар семоҳаи аввали соли 2025 ба нақша гирифта шуда, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста