Ӯзбекистон ният дорад, ки  тартиби гузаштани сарҳадро бо Тоҷикистон ва Қазоқистон тариқи ID-корт ҷорӣ кунад. Тавре ки Газета.уз менависад, дар Палатаи қонугузории Олий Маҷлис рӯзи 20 ноябр президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар ин бора хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар роҳандозии сиёсати хориҷии самаранок, васеъ кардани доираи дӯстону шарикон ва амиқтар ба роҳ мондани ҳамкории минтақавӣ бо ҳамсояҳокишварҳои наздик хеле муҳим аст.

Ӯ таъкид доштааст, ки таҳкими муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва субот ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ боқӣ хоҳанд монд.

Соли 2025 дар кишвар мулоқоти «Панҷгонаи Осиёи Марказӣ» (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон) баргузор мешавад, ки ба гуфтаи ӯ, «қадами муҳимми амалӣ дар ин самт хоҳад буд».

"Аз 1 сентябр шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд бо истифода аз ID-корт (ба ҷои шиносномаи хориҷӣ) озодона ба Қирғизистон сафар кунанд, - изҳор дошт Мирзиёев. - Дар нақша аст, ки низоми ба ин монанд бо Қазоқистон ва Тоҷикистон низ ҷорӣ карда шавад".

Президенти Ӯзбекистон зикр кард, ки ба густариши минбаъдаи робитаҳои самаранок ва доимӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, дигар шарикони пешбар, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии бонуфуз, инчунин ниҳодҳои молиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар ин ҷаласа президент номзадии сарвазири феълӣ Абдулло Ориповро ба мансаби раиси ҳукумат пешбарӣ кард.

«Ҳукумат фаъолияти худро бояд дар асоси комилан нав ташкил кунад, аз ин рӯ, ба он роҳбари қавӣ зарур аст», — изҳор дошт ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.