Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷиктабори Қирғизистон ва раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири кору ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати ин кишвар таъйин шудааст.
Дар ин бора дирӯз, 4-уми декабр, Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон фармон содир кард ва барои тасдиқ ба парлумони ин кишвар ирсол намуд.
Ба навиштаи “news.kg”, таъинот дар доираи навсозии ҳукумати кишвар ва беҳтар кардани кори вазорат анҷом меёбад. Дар назар аст, ки вазири нав ба масъалаҳои муҳим дар соҳаи кор ва муҳоҷирати аҳолӣ диққат диҳад.
Ёдовар мешавем, ки Равшанбек Собирови 52-сола дар оилаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уши Қирғизистон ба дунё омада, аз камтарин сиёсатмадорони тоҷиктабори Қирғизистон аст, ки соли 2011 нахустин вазири тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон шуд.
Ӯ соли 2013 боздошт ва бо ҷурми ришваситонӣ ба зиндон маҳкум шуд. Собиров, ки ҳамеша парвандаашро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва сохаткорӣ донистааст, моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.
Собиров моҳи октябри соли 2020 ҳамроҳи тими раиси ҷумҳури кунунӣ Садир Жапаров дигарбора ба ҳукумат баргашт ва муовини сарвазир таъин гардид. Ӯро комилан бегуноҳ эълон карданд. Моҳи феврали соли 2021 аз ин вазифа озод ва мушовири раиси ҷумҳур таъин шуд ва то октябри 2021 кор кард.
Дар интихоботи порлумонии моҳи ноябри соли 2021 аз тарафи ҳизби “Ота Ҷурт – Қирғизистон” вакил интихоб шуд. Моҳи марти соли 2022 раиси Оҷонси миллии сармоягузорӣ таъйин гардид, аммо ҳамагӣ баъди ним сол истеъфо дод.
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста