- Дар стратегияи нави ИМА оид ба Афғонистон, ки аз ҷониби Доналд Трамп чанде қабл ба имзо расид, Вашингтони расмӣ бори нахуст Покистонро огоҳ кард, ки аз дастгирии ҳаракати Толибон даст кашад, - иброз дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коршиноси тоҷики масоили Афғонистони муосир Қосим Бекмуҳаммад.
Ӯ хотиррасон намуд, ки ҳукумати расмии Афғонистон тайи 15 соли ахир борҳо Исломободро ба дастгирии Толибон, таъмини онҳо бо аслиҳаву маблағ, техникаи ҳарбӣ ва тамрину омодакунии ҷангиён айбдор карда, қайд мекарданд, ки толибони захмишуда дар ҷангҳо маҳз дар дармонгоҳҳои ҳамин кишвар муолиҷа мешаванд.
Ҳамчунин Бекмуҳаммад зикр кард, ки «дар стратегия ташаббуси Ҳиндустон дар мавриди эҳёи иқтисоди Афғонистон дастгирӣ ёфт ва ин ҷо метавон ёдрас кард, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ чандин маротиба ба роҳандозии чунин иқдом изҳори назар карда буд».
Дар ҳамин ҳол, коршинос изҳор мекунад, ки дар стратегия нави ИМА оид ба Афғонистон носаҳеҳиҳо хеле зиёданд, ба гунаи мисол аз кадом воситаҳо истифода шудан барои амалисозии он.
«Ба ҳама маълум аст, ки 4 ҳазор низомии амрикоӣ, ки иловатан ба Афғонистон сафарбар мешаванд, ба таъмини сулҳу субот дар ин кишвар қодир нестанд, вале ба муддати тӯлонӣ бозигари асосӣ боқӣ мондани ИМА натанҳо дар Афғонистон, балки дар минтақаро таъмин мекунанд, - таъкид дошт коршинос. - Ҳамчунин артиши ИМА ба бозигарони ҳалкунанда шудани Русия, Эрон ва Чин дар Афғонистон роҳ нахоҳад дод, ки ин ҳадафи асосии стратегия аст».