Инсон меҳвари баҳси тамоми донишҳо ва воқеиятҳои ҳар давру замон буду ҳаст. Мавлоно ба унвони як орифи шоир ва андешаманди фарогири замони худ ва имрӯз консепсиюни фикрӣ, назарӣ ва роҳбурдиву футурулогие дар мавриди чистӣ ва кистии инсон дорад, ки ин навъи рӯйкардро дар илми муосир “фалсафаи инсонӣ” таъриф додаанд. “Инсони комил”-и Мавлоно як идея ё дидгоҳи сӯфиёна набуд, балки андешаи инсонсозие буд, ки баъдҳо дар осори фалсафии мутафаккирони ғарбӣ низ матраҳ шуд, ки баҳси он хатм нашудааст. Мавлоно илова бар ҳама унвонҳое, ки дорад инсоншиносе бузург ҳам буд, ки инро тамоми мавлавипажуҳон таъкид кардаанд.

Дар осори фалсафӣ ва шеърии Мавлоно инсон мақоми меҳварӣ ва усулӣ дорад. Шеъри Мавлоно агар ҳосил ва намоёнгари таҷрубиёти ирфонияш бошад ва вақте мегуфт “инсонам орзуст”, муродаш инсоне буд, ки дар тадовуми солҳо ва садаҳо инсон боқӣ бимонад. Инсонсозии Мавлоно барои тамоми давраҳои таърих буд. Ин буд, ки Мавлоно осоре офарид то дар тамоми давраи умри башар битавонад ба сифати ганҷури ахлоқӣ ва маънавӣ истифода шавад.

Дар оғоз бояд ба ин нукта ишора кунам ва ҳамзамон як пешфарзеро барҳам занам, ки: як орифу фақеҳи исломии 800-у чанд сол пеш барои инсони қарни 21, ки бар асоси асолати таҷриба ва позитивисм зиндагӣ мекунад, чӣ ҳарфи бадардхӯре метавонад бизанад?

Иршод Сулаймонӣ

Вале бояд гуфт, ки бо вуҷуди маҳдудиятҳои иқлимиву ҷуғрофиёӣ, фарҳангӣ ва забонӣ, инсони муосир, ки гирифтори мушкилоти бешуморе аст ба суроғи Мавлоно меравад. Дар ҷаҳони имрӯз талошҳои бисёре шуда, ки Мавлоноро аз даврони худ ба ин тарафтар бикашанд ва аз ӯ чеҳраи дарвинист, морксист ва секулор битарошанд. Чаро башарият ниёзе ба чунин Мавлоно дорад. Қабл аз ҳама Мавлонои Балх дар ирфони худ, вақте усулу одоби дастёбӣ ба ҳаёти маънавиро баррасӣ ва нақд мекунад, ҳамзамон дар ҷустуҷӯйи иллатҳо, осебшиносӣ ва таҳлили равоншиносонаи дарду ранҷҳои башарӣ аст. Ин аст, ки инсони имрӯз ба рӯҳшиносии инсони 800 сол қабл ниёз дорад.

Пеш аз ҳама Мавлоно бо инсон аз ду зовия бархӯрд дорад: яке ин ки инсон чист ва дигаре ин ки инсон чӣ бояд бошад ва ё чӣ гуна бояд бошад. Бояд бидонем, ки дар инсоншиносии Мавлоно инсон ба унвони мавҷуди биологӣ мавриди баҳс нест, балки ӯ хоста, ки фаротар аз инҳо асл ва решаи одамиро пайдо ва рӯнамоӣ кунад.

Мавлоно ба унвони як олими ахлоқ ва орифи бузург ба инсон бархӯрди равоншиносона не, балки инсоншиносона дорад. Аз оғоз то ба анҷоми “Маснавӣ” Мавлоно ба таъбири худаш “бо чароғ гирди шаҳр” дар суроғи инсон аст ва нигарони сарнавишту саргузашти инсон мебошад.

Дар тамоми достонҳои Маснавӣ мо мушоҳида мекунем, ки Мавлоно бисёр нарму мулоим сухан меронад, вале чун маром ва сарнавишти одамӣ вориди достон мешавад, сухан ҷасту хез мекунад ва ин замон аст, ки Мавлоно беҳтарин андешаҳои такондиҳандаро месарояд.

Мавлоно, дақиқан “Маснавӣ”-ро барои наҷоти башарият эҷод кардааст. Баъзе аз мавлавишиносон шаш дафтари ин асари безаволро “инсоннома” гуфтаанд. Вале инҷо баҳси мо сари инсоншиносии Мавлоно дар кулл нест, балки паёми Мавлоно ба инсони қарни 21 аст.

Паёми ибтидоии Мавлоно барои кулли башарият дар тамоми даврони мобақии таърих ин аст, ки инсон бояд соҳиби ақлу хирад ва андешаи худ бошад. Чун Мавлоно пешинаи инсонро иборат аз даврони ҷимодӣ, наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ медонад, мегӯяд, ки инсон бидуни ақлу андеша колбаде беш нест:

Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,

Мобақӣ ту устухону решаӣ.

Гар гул аст андешаи ту, гулшанӣ,

Вар бувад хоре, ту ҳайми гулханӣ.

Гар гулобӣ бар сару ҷайбат зананд,

Вар ту чун бавлӣ бурунат афкананд.

Мавлоно бар ин назар аст, ки инсон дар ҳар замоне бояд тавассути ақлу андеша хештани хешро бишносад. Албатта хирадгаройии Мавлоно мисли файласуфони ақлгаройи имрӯз нест, балки ӯ барои дарки ҳақиқати мутлақ ақли куллро пешниҳод мекунад ва ин ақли кулл муртакиб аз ақлу ишқ аст. Мавлоно муътақид аст, ки башар дар ҳар замоне як тилисм дорад ва агар он тилисмро бикушояд ба саодат мерасад. Ин тилисми инсон хештани хеш аст. Андеша ва ақл аз назари Мавлоно ба инсон дар ҳар замоне барои шинохтани хештани хеш, воқеияти замони хеш, мушкил ва роҳҳои бурунрафти асри хеш кӯмак мекунад:

Баҳри он пайғамбар инро шарҳ сохт,

Ҳар ки худ бишнохт, эзид онро шинохт.

Ё дар ин ғазал:

Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,

Ки чаро ғофил аз аҳволи хештанам?

Эй хуш он рӯз, ки парвоз кунам то бари дӯст

Ба ҳавои сари кӯяш пару боле бизанам

Аз куҷо омадаам? Омаднам баҳри чӣ буд?

Ба куҷо меравам охир, нанамоӣ ватанам.

Мондаам сахт аҷаб, к-аз чӣ сабаб сохт маро,

Ё чӣ будаст муроди вай аз сохтанам?

На ба худ омадам ин ҷо, ки ба худ боз равам,

Он ки овард маро боз барад дар ватанам.

Мурғи боғи малакутам, наям аз олами хок

Чанд рӯзе қафасе сохтаанд аз баданам.

Оромгоҳи Мавлоно дар шаҳри Кунияи Туркия
saliansafar.com

Беҳтарин нуқтаназарҳои мушаххаси инсоншинохтии Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” баён шудаанд ва хулосаи онҳо инсони ноқис, инсони миёна ва инсони комил мебошанд. Яке аз аслҳое, ки Мавлоно барои инсони комил хос медонад, ин аст ки инсон бояд дар фикри наҷоти худ ва замони худ бошад.

Ваҳдатгароӣ, маънавиятгароӣ ва равоншиносии маънавӣ аз паёмҳои дигари ҳазрати Мавлоно барои инсони замони мо мебошад. Ҳамин аст, ки ғарбиҳои имрӯз бо афкори Мавлоно он бархӯрдеро надоранд, ки бо дигар чеҳраҳои Шарқ доштанд. Яъне ғарбиҳо дар ҳоли ҳозир ҳам ба тамоми олами Шарқ бо дидгоҳҳои ориентолистӣ (он чи Эдвард Саид дар асараш “Ориетолизм” менависад) менигаранд, вале ба Мавлоно ва ҷанбаҳои маънавии осораш бар асари буҳрони маънавии худ дигаргуна менигаранд. Паёми инсонсози Мавлоно ҳоло аз шумули улгуҳои чорасозе барои буҳрони маънавӣ дар Ғарб шудааст. Бо вуҷуди он ки ғарбиёни муосир медонанд, ки андешаҳои Мавлоно бар пояи таълимоти Қуръони карим, ҳадисҳои Муҳаммад (с), суннатҳои авлиёҳои Худо ва таҷрибаҳои маънавӣ эҷод шудаанд ва бо ин пояҳо ихтилофоти фикриву бовармандӣ доранд, вале барои шинохт ва рафъи буҳрони маънавияту ҳувият ва наҷоти худ умед ба осор ва андешаи Мавлоно кардаанд. Ҳоло агар шинохти инсонҳои муосири ғарбӣ аз ислом ДИИШ ва ҳаросатафканиҳои “Толибон”-у “Ал-қоида” аст, барои андешамандони Ғарб осору андешаи Мавлоно ба иқрори дуктур Сайидсулаймон Сафавӣ “исломи сулҳу гуфтугӯ, исломи ишқу мадоро, исломи иззату ҳукумат аст”. Осори Мавлоно посухгӯйи ниёзҳои инсони муосир аст ва фарқе намекунад, ки ин инсон шарқист ва ё ғарбӣ.

Чизе, ки аз андешаи Мавлоно барои инсони имрӯз бисёр муҳим аст шинохт аз диёнат аст. Имрӯз модернистҳои секулор ва бештари андешамандон бар ин назаранд, ки диёнат яке аз мушкилоти усулӣ ва меҳварии инсоният ва ҷаҳони имрӯз аст. Ҷанг (на муколама)-и имрӯзи Ғарб бо Шарқ (шарқи исломиву мусалмонӣ) барои наҷоти тамаддуни динмеҳвари ғарбӣ аст, ки аз назари ғарбиҳо агар дар низоми фикриву боварҳои ғарбиҳо, ки умдатан бар пояи масеҳият шакл гирифтааст ихтилол ворид шавад, тамаддуни ғарбӣ дучори буҳрон ва шикаст мешавад. Вале аз назари Мавлоно диёнат инсонро ба маънавият ва ҳақиқатшиносӣ ва ахлоқи неку мерасонад:

Сад китоб ар ҳаст ҷуз як боб нест,

Сад ҷиҳатро қасд ҷуз меҳроб нест.

Мавлоно дар “Маснавӣ” дақиқан ишора кардааст, ки ихтилоф дар адён нест, балки ихтилофро пайравони динҳо эҷод мекунанд. Аз назари Мавлоно Мӯсову Исову Муҳаммад (с) ҳар се инсонро ба тавҳиду хайри башарият фаро мехонанд. Ин дидгоҳро ӯ дар достони “Он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониёнро мекушт аз баҳри таассуб” тарзе таҳлил кардааст, ки дархури ниёзҳои замони мост. Мавлоно мегӯяд, ки ин динҳо бояд пайравони ваҳдатбин дошта бошанд, на касратбин;

Мо чу киштиҳо ба ҳам бар мезанем,

Тирачашмему дар об рӯшан шавем.

Яке аз мушкилоте, ки инсони рӯзгори мо бо он рӯ ба рӯст наёфтани ҳақиқат аст. Аз назари Мавлоно инсон то замоне асири эҳсосоти худ аст ва барои ёфтани ҳақиқат чашми дарунашро накушодааст, наметавонад шоҳиди зебоии ҳақиқат бошад:

Ту даруни чоҳ рафтастӣ зи кох,

Чӣ гунаҳ дорад ҷаҳонҳои фарох.

Мавлоно паёми ҷовидонӣ дорад, ки ҳам барои инсони садсолаи 21 ва ҳам барои инсони қарнҳои пасин моҳияти усулӣ дорад. Ин паёми ҷовидонӣ ёфтани худ ва ҳақиқати худ аст. Мавлоно мегӯяд, ки то инсон кӣ ва чӣ будани худро дар наёбад, наметавонад роҳҳои наҷоти худ ва замони худро пайдо кунад. Мавлоно мегуфт, ки инсон бояд мушкилотро дар даруни худ биҷӯяд:

Мо забонро нангарему қолро,

Мо равонро бингарему ҳолро.

Ин паёми ҷовидонаи Мавлоно барои мо имрӯз чӣ қадар зарур ва корсоз аст. Баъзеҳо бо ин ки, кӣ будани худро фаромӯш кардаанд ва хуб дар наёфтаанд, ки чистанд, мушкилоте барои инсоният дуруст мекунанд... То замоне чунинҳоро дорем андеша ва паёми Мавлоно дар низоми фикрии дунё ҳукумат дорад.

Ба ҷойи хулоса: Соли 2007 ё 2008 вазири вақти корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон ба Тоҷикистон омад ва як дидоре бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ҳам дошт. Зимни саволу ҷавоб Гавҳарбону Шарофзода, вакили феълии порлумон (он замон муовини ректори ДМТ) суоле карданд:

- Дар Кунияи Шумо як бузургвори мо, Мавлонои Балхӣ хобанд. Шумо дар ин бора чӣ мегӯйед?

Вазири турк гуфт, ки “бузургоне чун Мавлоно аз мову Шумо намешаванд, онҳо ба тамоми башарият тааллуқ доранд. Мавлоно арзиши тақсимнашаванда аст”.

Дар воқеъ, андешаи Мавлоно арзиши ҷаҳонӣ ва ҳамешагӣ дорд!