Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон марди 40-солаи сокини Турсунзодаро, ки фарзандашро “барои кашидани нос” ва “дуздии пулҳояш” латукӯб ва баъдан ба мошин баста кашола карда буд, боздошт кардааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст, ҳодиса рӯзи 26-уми июл дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода рух додааст.
Нахуст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо аз ин саҳна паҳн гардиданд ва дар онҳо дида мешуд, ки мард аз писараш тасдиқи дуздии 600 сомониро тақозо карда, бо ишораи нос кашидан ва дуздиаш ӯро таҳдид мекард.
Дар иттилоияи мақомот омадааст, ки мард фарзанди ноболиғи 15-солаашро барои дуздии 800 сомонӣ дар моҳи май ва 600 сомонии дигар дар аввали моҳи июл гунаҳкор донистааст.
“Наврас дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст”, омадааст дар иттилоияи ВКД.
Ба иттилои манбаъ, нисбати ин мард бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” парванда боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мақомот аз ӯ ном набурдаанд ва назари гумонбар дар робита ба ин қазия ба расонаҳо дастрас нест.
Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ дар такя ба манобеъи худ аз ин марди 40-сола Парвиз Одинаев ном бурда, фарзанди ӯро Хисрав Одинаев гуфтааст.
Як манбаъи огоҳ аз қазия, низ ки нахост номаш ошкор шавад, ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳодисаро тасдиқ карда гуфт, навор аз ҷониби худи падар сабт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, чанде пеш писар барои истеъмоли нос аз сӯи падар латукӯб шудааст.
“Рӯзи дигар писар 600 сомонии падарро “дуздида”, ба назди аммааш ба Душанбе фирор карда, чанд рӯз бедарак будааст. Аммааш ба падар занг зада, хабар додааст, ки фарзандаш дар хонаи ӯст. Падар ӯро гирифта, дар роҳ пойҳояшро ба мошин баста, кашола кардааст”, - гуфт манбаъ.
Ба қавли ӯ, баъдан мард писарашро дар таҳхонаи манзилаш маҳкам карда, ба модар ва дигар фарзандон иҷоза надодааст, ки ба ӯ наздик шаванд.
Манбаъ мегӯяд, субҳи рӯзи дигар вақте падар ба назди ӯ меравад, мебинад, ки ҳолати фарзанд вазнин аст. Аз ин рӯ, ба духтури маҳаллӣ муроҷиат мекунад, вале табиб тасдиқ мекунад, ки фарзандаш ба ҳалокат расидааст.
“Падару модар барои пинҳон кардани ҷиноят кӯшиш мекунанд ҷасадро шуста, ба ноҳияи Балҷувон, зодгоҳашон бурда, дафн кунанд. Вале дар роҳ мақомот онҳоро боздошт мекунад”, - афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, паҳн шудани аксу наворҳо аз ин қазия дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокунишҳои сокинонро ба бор овард.





Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста