Аз “падидаи Азизов” ба унвони шахсияти фавқулода ва равишманди маорифи муосири тоҷик, кимиёдон, кимиёгар ва кимиёварзи варзида ҷомеаи Тоҷикистон ҳамагон аз солҳои 80-уми асри гузашта огаҳанд. Аввалан, дар мактаби деҳаи Сурхи Исфара чун муаллими машҳури химия ном баровард. Сонӣ дар мактаби №6-уми шаҳри Исфара бо баъзе ҳамкорону ҳамандешонаш факултети байнимактабӣ оид ба омӯзиши химия ва мактаби дорои омӯзиши амиқи фанҳои физика, риёзӣ ва химия таъсис дод.
Сипас ин ҳама заминаи бунёди гимназия-коллеҷ-литсейи машҳури Исфара гашт, ки дар замони имрӯз бо номи Литсейи №1-и шаҳри Исфара шӯҳрати хос дорад ва тайи қариб сӣ соли сарварии ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби номбурда ҳазорҳо ҷавонон соҳибмаълумот шудаанду аз ин миён 4 нафар то мақоми доктор ва 30 нафар номзади илм расидаанд. Ахиран, Абдулҳафиз Азизов - ин Устоди табиатан тозаҷӯю навовар соли равон, дар арафаи 70-умин солгарди умраш пешниҳоди созмондиҳандагони Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Академия Контакт Интернэшл"-ро барои сарварӣ ба он пазируфта, дар заминагузорӣ ва таъсиси мактаби байналмилалӣ дар Исфара то охирин рӯзҳои умраш бедареғ заҳмат мекашид.
Фикр мекунам, пешрафт ва такомули маориф дар як гӯшаи зебои Тоҷикистони озодсарви мо аз хизмату талошҳои ҳамин қабил шахсиятҳои иродатманду аз ҳад беш пурнерӯву зиёдаталаб фароҳам омадааст. Шӯҳрати инон шуҳрати ростин, рӯйсурхиву баландии овози инҳо ҳам аз ҳамин дилбастагии азалӣ ба аслу ормонҳои волои зиндагӣ будаасту халос!
“Падидаи Азизов”
Банда падидаи камназири Азизовро дар кимиёгарӣ идомаи пурбарори он зуҳуроти ақлии мардуми Исфара дар густураи илмҳои дақиқ медонам, ки таърих, анъана ва суннатҳои пурбор дорад. Аммо аз он ки дар ин шоха нафари тахассусӣ нестам, ба ҷузъиёти қазия дахл намекунам. Ва ихтиёр ҳам надорам, ки тамомии ҷустор ва пайкорҳои комили ин кимиёдони марҳум ва таърихчаи ин муассисаи муҳимми маорифи кишварро равшану муфассал бозгӯям. Фикр мекунам, аҳли тахассус, нафарони алоқаманд ин корро мекунанд ҳатман...
Фурсати умри Азизов ҳамин миқдор будааст, ки дар домани ҳафтоди умр чашм аз ҷаҳон пӯшид. Банда баъди шунидани хабари даргузашташ кӯшидам, ки чанд пора матлаби пешини чопи мошиннависшудаеро аз байни анбӯҳи бастаҳоям дарёбам. Он навишта (октябри 1996) бардоште фишурда аз шеваи як дарси номбурда, ба ин васила, кӯшише барои офаридани чеҳраи Азизов чун марди фардбайти маориф ва фанноварӣ будааст. Дар ёдам ҳаст ин қайдҳоро пас аз иштирок ба як дарси ӯ дар гимназия-коллеҷи Исфара рӯйи саҳифа оварда, шояд мехостам онро такмил диҳам. Аммо ба ин фурсат нашуда ва байни анбӯҳи навиштаҳо боқӣ мондааст...
...Ҳар гоҳ устоди ростини фанни кимиё, ба сухани дигар, кимиёгар ва кимиёварзи камназир Абдулҳафиз Азизовро сари муҳокима ва гузориши ин ё он қазия, суханронӣ, аз ҳама муҳим, дар дарс мебинем, дар вуҷудамон эҳсос ва дарки амиқ падид меояд, ҳисси бузург ҷӯш мезанад. Дарси ӯ дилхоҳ инсонро ба олами нопайдоканор ва пуррамзу роз мебарад ва ба хулосае пурбор мерасонад. Ростӣ ба маънии томаш устодпеша будааст. Дар ин роҳ сабки тамоман дастнорасе доштааст. Ӯ нафарест дар кимиёгарӣ ҷиддӣ; шахсест дар ин роҳ ҳадафманду кӯшо ва соҳиби тарҳу тарзу тариқи расо. Боз аз ҳама муассиртар, инсонест, ки ба зиндагиву заҳмат диди худӣ дорад, гапи худро мегӯяд, дарки худро исбот мекунад. Аз ҳеч кас наметарсад, гапи ҳар касро ба гӯш намегирад, ҳатто сухани роҳбариятро. Ин хислат ӯро аз чеҳраҳои дигари ба назар машҳуру ошнои гапгӯшкуну эродшунав, инсонҳои дорои андешаи на чандон қобили диду мушаххас ва тафаккуре на чандон короӣ тафовут мебахшад.
Табиати ратсионалии Азизов имкон додааст, ки дар ниҳоди шогирдон ҳам тафаккури созандаро ҷунбу ҷӯш диҳад. Иллати аслии пешрафти ҷомеаҳо ба ҳузури ҳамин гуна тафаккури созандаи ратсионалӣ будааст, ки ин нукта аз табиату сиришти Азизов ва намояндагони насли риёзиварзи Исфара низ қобили дарку рӯйоварӣ аст: Натиҷаи ҳамин амр буд, ки Азизов бо шогирдонаш ва мактабаш дар арсаи умумииттифоқии шӯравӣ шӯҳрату эътибори баланд ба даст овард. Исфараро бо вежагии фарорафти омодасозии хонандагон ба маҷрои улуми дақиқ зиёда шинохтанд. Натиҷаи ҳамин будааст, ки дар тамоми дигар ҷойҳо медонанд аз Исфара сафи олими илмҳои дақиқ хеле зиёд аст. Яке аз шахсиятҳои ҷаҳониаш дар ин арса риёзидони эътирофшуда Абдуҳамид Ҷӯраев аст, ки ҳоло Институти математикаи АИ Тоҷикистон ба номи ӯст...
“Тарҳи Азизов”
Абдуҳафиз Азизов – ин устоди пурҳаяҷону бетоқати кимиёсиришт бо нерӯи хосу баланди боварнакарданӣ ва қудрати нотакрори рӯҳониву равонӣ фақат пешравиро ба миён мегузорад, фақат пешро гап мезанад, дар ин роҳ хаста намешавад, дигаронро ҳам ба ҷунбуҷӯш, ба пеш такон медиҳад, ба хаста шудан намемонад, агар дигарон хаста шаванд ҳам, ёрои дам задан надоранд. Чунки моҳияти корашон ҳам ҳамин аст. Дар тарҳи Азизов набояд касе дар дарс ва ё дабистон ором нишинад, ҳама дар такопӯ бояд бошанд. Азизов дар дарозои кораш чунин шароитеро ба пой гузошта, ки бояд ҳамаро ба фикр кардану андешидану маҳсул додан водорад. Тарҳи сохтории консепсияи ҷомеабиниаш ҳамин аст. Ман бо бархе аз муаллимони соҳибмалакаи гимназияи Азизов наздикӣ доштам, баъзеашон муаллими худам буданд ва аз суҳбату ҳамнишастӣ бо онон хуб донистаам, ки директори сахтгиру сахкӯшу ҳаяҷонбахш, ки лаҳзае худ хаста намешавад, ягон вақт намегузорад, ки устод ва хонанда бар ҳоли худаш қарор гирифта бошад. Вазъи зиндагии устодонро ҳам аз ҳисоби шартнома андак хубтар карда буд, ки дар он шароити солҳои 90-уми асри гузашта ба омузгори гимназия сабукӣ ҳам фароҳам меовард. Аз ин рӯ, устоди гимнази ягон кори аз доираи раванди таълим берунро карда наметавонист, фақат дар фикри дарс буд, танҳо имкон дошт малакаашро барои пешрафти худашу шогирдаш равона кунад. Дар гимназия устод ва хонанда бояд ҳатман худро ба кор зананд. Ба ин маънӣ аз дарс ва пайкори ин фарди ҳунари кимиёварзӣ ба чанд суол посухи дилҷӯ сар мезанад ва андар ин роҳ натиҷаҳои ҷолиб бармеояд...
Вуҷуди Азизов хазинаи пурбору пурмӯҳтавои дониши кимиёӣ аст, кимиёро мӯмиёгарона ба дилу ҳуши завқмандонаш ҷой мекунад. Албатта, истеъдод қазияи собитшудшуда аст, аммо сирри комёбии Азизовро танҳо аз қабат қабати дарсу гузоришҳояш метавон дарёфт. Барои Азизовро шинохтан шояд шунидани фикри дигарон дар бораи ӯ чандон моҳият надошта бошад, зеро Азизовро аз дигарон дида аз худи Азизов шинохтан аҷаб пурманфиаттару муҳимтар аст. Ин мисли суханони Фурӯғи Фаррухзод аст: Ба ман чӣ ки мегӯянд санг мешиканад, ман то шикасти сангро худам дарк накунам, бовар нахоҳам кард. Шояд ҳатто ин ҳол ҳам рух медиҳад, ки инсон дарки худашро аз Азизов ба маънои том бо сухани худ фаҳмонида натавонад. Чаро ки кашфи эҳсоси расои дунёи энергияи тому нотакрор ва тасаввурнопазири Азизов худаш мушкили рақами як аст. Муаллим бо як равиши ба худаш расо ҳамаро ба устуворӣ ва кор кардану андеша кардан вомедоштааст. Бунёди чунин пешрафт бар пояи истеъдоду заковати ҷудогонаву фардии худододааш ҳасту халос. Ҳарчанд муаллим Азизов дар гуфтаҳояш зуҳуроти давраи бачагиашро хеле ночиз бозмегӯяд, аммо аслан Худованд бар ӯ аз хурдсолиаш чизеро дода, ки дар ками андар кам инсонҳо медиҳад. Ҷуз ин бунёди пешрафти дониши кимиёдонӣ ва ҷаҳоншиносии ӯ бар табъи расо, ҳуши нозуку нуктасанҷ, маҳорати хоси расидан ба кунҳи маънии фанноварии навин, умуман заковату фаросати фитриаш асос ёфтааст.
Кимиёгариву кимиёварзии Азизов ба шогирдону равандагон талқин ва ононро омода месозад, ки дар олами беканору бекарони як илми беҳудуди бетаг ба пешрафтҳои назаррас иқдом ёбанд, аз фазилатҳои он ба тамоми назокатсанҷӣ баҳра бардоранд, дар зиндагӣ ва кору пайкор кушиши ба камол расидан намоянд. Натиҷаи ҳаминҳо буд, ки дар тамомии шӯравӣ шӯҳрат ёфт.
“Равиши Азизов”
Азизов дар дарки усули омода кардани хонандаи лаёқатманди кимиёдон, бешак, варзида будааст, усулу равише доштааст, ки ҳатман хонандагонаш дар ҳар озмунҳои сатҳи умумииттифоқ дастболо бошанд ва ба бузургтарин донишгоҳҳои берун аз ватани мо дохил шаванд ва ин ҳам ба миқдори на кам, балки хеле-хеле зиёд. Ин амр имкон додааст, ки фикри оқилу пешрави Исфара, атрибути Исфара дар Маскав ва шаҳрҳои дигари шӯравӣ эътироф ёбад.
Дигар равандагони кимиёгари шӯравӣ ҳам мехостаанд таҷрибаи Азизовро бардоранду ба комёбӣ бирасанд. Мегӯянд ва бисёриҳо хостаанд, мисли Азизов бисёр шогирд дар ин арса омода намоянд, аммо худашон иқрор шудаанд, ки мисли Азизов ихтиёри ин дар дасташон набудааст. Ин сир хоси Азизов аст, ки ба сабаби ихтисосманди ин соҳа набуданам намедонам дар дарозои зиндагӣ ӯ ин сирро ба касе аз шогирдони равандааш бозгӯ кардааст ё не!? Агар карда бошад, ин суннат дар сатҳи назаррас идома хоҳад ёфт!...
Охир дарсе, ки ягон хонанда аз раванди он берун монад ва худро аз маҷрои дарс берун афканад, хеле кам будааст. Хонанда аз дарси Азизов заррае фикри берун рафтан надорад. Фикри муаллим қавӣ, хотира зӯр, матонати омӯзиш нотакрор, оҳанги қавии фаҳмондани нуктаҳои кимиё диққатрабост! Дар ҳамин филме ҳам, ки ҳозир дар Фейсбук оид ба Азизов бозгузорӣ шуда, ба матонати дарсаш бармехӯрем, ба кас таъсири нотакрор ин шеваи тадрис. Бубинед бавиқор мефаҳмонад: Натрий NаOH-ро ба H20 ба ҳам таъсир расонем, он гоҳ ду намак ҳосил мешавад – намакҳои натрий No2 ва натрий NoЗ. Барои он ки H20 илова намоем, барои баробар кардан реаксия ин ҷо рақами чандро бояд гузорем? Ҷавоб: 2! Ба ин ҷо чӣ? Ҷавоб: 2! Реаксияро бинед, оё баробар шуд ё не?...
Дар ин маврид дили хонанда дар кафи дасти устоди кимиёгар аст.
Азизов 45 дақиқа дарсро вақти бузурге барои муаллим ва хонанда медонад ва имкон меёбад, ки дар ҳамин фурсати 45-дақиқаӣ ҳар нафарро то 4-5 маротиба пурсон шавад...
Ӯ ба сабки матину суҳбати ҷозибаангез бо овози баланду муассир, масрурона ба хонандаи кимиёдӯст мефаҳмонад: Агар нитрогенро бо оксиген ба реаксия дохил намуданӣ шавем, чӣ ба ҳосил хоҳад омад? Ин кори ношуданист! Агар мешуд, рӯи заминро пайвастагиҳои нитрогенӣ пур зер мекарданд, ки дохилашон пур аз моддаҳои заҳрноку зарароваранд ва ин модаҳо дар дунё зиёд мешуданд ва боиси вайронии дунё мегаштанд. Кадом вақт мешавад ин дуро ба реаксия дохил кард? Зимни ҳосилшвии шарораи электрӣ. Агар дар баҳор ва тобистон радду барқ шавад, барқ баъзе ҷойҳоро месӯзонад, гази НО ҳосил мешавад, пас аз ин газ Но2 ҳам берун мегардад... Моҳияти кимиёро чунин мефаҳмондааст...
“Мактаби Азизов”
Мебинем, ин донистаҳо ва ин фаҳмондаҳо завқи хонандаро бедор карда, чашми хонандаро пар пар занонда ва онҳоро ба дарки асли фанну фанноварӣ ва эҳсоси хушиву боландагӣ вомедоштанд. Фазилатҳои дарсгузарӣ, ки Азизов дошта, ростӣ аксари мо надорем, ба ин ҷойи баҳс нест. Дар ин ришта нафарони зиёд сина бирён мекунанд. Аммо камтар ба дастоварду боландагӣ мерасанд. Азизов аз нафарони муқаддам дар ин арса аст. Дарсҳои устоди кимиё бешубҳа намунавӣ ва ростӣ арзандаанд. Дарсаш як донишгоҳи азим аст, ки ҳар шогирди фикрварз донишу заковати расои зиндагисоз мегирад.
Сабки матини дарси Азизов ва шеваи корбарии Азизов сазовори омӯзиш ва баҳрамандии чандин наслҳо бояд бошад!...
Худи Азизов ба ин замина омода кардааст!...
Дар мактаби Абдулҳафиз Азизов зубдатарин устодон дарс медоданд. Шояд бархе аз дунё рафтанд, теъдоде дар пиронсолӣ ва теъдоди дигар дар таълиманд, аз кадрҳои наваш бехабарам. Кадрҳои мактаб дар солҳои 90-уми асри гузашта нерӯмандтарин буданд: Сабоҳат Сатторова, Дилбар Тӯхтаева, Саодат Мамадова, Раҳимҷон Неъматов, Муртазо Ҳасанхӯҷаев, Исроилхӯҷа Муҳаммадов, Атоулло Зиёвхонов, Абдусубҳон Исмонов, Зайлобиддин Сироҷиддинов, Зарифҷон Неъматов, Замира Бойзоқова, Муҳайё Муҳаммадова, Аюбҷон Расулӣ ва даҳҳо дигар, афсӯс зикри номи ҳама имкон надорад...
Дар ҳамин гимназия соле ҳамҷоякор будам, муаллим Азизов ба ман ҳам дар бахши тиб соатбайъ дарс доданд, он ҷо бо дандонпизишки зиндаёд Ҷӯрабек Салимов ва марди пуршарафи озарӣ Фармон Ҳасан-ӯғлӣ (Халилов) кор кардам. Ёди он рӯзҳо!...
Он солҳои мушкилу мураккаби 90-ум ҳамеша ба гимназия даробаро доштам ва бо ҳамсабақи донишгоҳиям Аюбҷон Расулӣ, ки дар гимназияи машҳур аз муаллимони маъруф ва дар Тоҷикистон аз омӯзгорони беҳтарин аст, ормонҳои маркази «Паёми Ҳофиз»-ро ба миён гузоштанӣ шудем: мақолаҳо менавиштем, маҳфилҳои адабии “Ҳофизхонӣ” доир мешуданд, суҳбатҳои радиоиву телевизионӣ низ, ки барои андак худшинос шудани толибилмон чорасоз буданд; дар гимназия-коллеҷ мактаби нигорандагони ҷавон бапо шуд, шогирдон андак нозукиҳои арўз омўхтанд. Баъзе пайвастагон роҳи илму адаб пеш гирифтанд, дар ин ришта унвон дарёфтанд (Тайиба Бобоева, Зариф Довудов)...
Нуктаи дигар бо саъйи Расулии дар асл рӯзноманигор ва дастгирии Абдулҳафиз Азизов нашрияи фарҳангиву адабии гимназия-коллеҷ ва Маркази “Паёми Ҳофиз” бо номи “Субҳи умед” дар ҳаҷми рӯзномаҳои шаҳрӣ таъсис ёфт, он замон ҳамагӣ тақрибан то 10 шумора нашр шудааст ва дар он ҳам дастовардҳои беҳтарини устодону шогирдони эҷодтабъ фароҳам оварда шуда буданд. Ниятҳои сармуҳаррир дар ин маврид ҳам хеле ҷолиб буданд. Дар ин хусус ягон мавриди дигар хоҳам навишт...
Манзур аз ин навиштаи банда, ки мутаассифона ба даргузашти Абдулҳафиз Азизов рост омад, бозгӯи сирри хастагинопазири ин инсони пуртакопӯ дар шукуфоӣ ва парвариши кимиёдонӣ дар як гӯшаи Тоҷикистон будааст, ки дарки он барои имрӯзи маорифи мо хеле муҳиму чорасоз хоҳад буд...
Равонаш шод бод!...
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста