Бинобар пӯшиш додани ҳодисаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябр сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ҷониби Вазорати фарҳангу иттилооти ин кишвар барои ду моҳ масдуд карда шудааст.
Ба иттилои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон иддао кардааст, ки бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар танишҳои марзии ахир “барқасдона тарафи Тоҷикистонро гирифт”, вале Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин даъвои ҷониби Қирғизистонро қонеона рад кардааст.
Ин даъвои Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон аз навори рӯзи 16-уми сентябр пахш кардаи телевизиони “Настояшее Время” аст, ки раҳбарияти Радиои Озодӣ гузоришро “ба ҳама меъёр посухгӯ” медонад.
“Пас аз баррасии муҳтавои мавриди баҳс, ҳеч гуна нақзи меъёрҳоро мушоҳида накардем. Мо таслими фишор барои ҳазфи гузоришҳои баробарвазн аз сайтҳои худ нахоҳем шуд, чӣ аз сӯи Кремл бошад ва чӣ аз сӯи ҳукумати Қирғизистон”, - гуфтааст Ҷейми Флай.
Ба гуфтаи Ҷейми Флай, “таҳдиди хабарнигорон ва талош барои хомӯш кардани расонаҳои мустақил шеваҳои мустабидонае аст, ки танҳо ба суст шудани демократия дар Қирғизистон кумак мекунад”.
Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи гузоришҳои созмонҳои ҳуқуқи башар, баъди ба қудрат расидани Содир Ҷабборов, дар моҳи октябри соли 2020, фазои озодии баён дар Қирғизистон бадтар шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.
Пас аз имзои созиши ду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад ва ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои ҷойдошта, мансабдорони Қирғизистон ба истифодаи суханҳои иғвоангез нисбати Тоҷикистон идома медиҳанд, ки чандин маротиба боиси нигаронии ҷониби Тоҷикистон шуд.




Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Ҳаҷми маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон истеҳсолшуда беш аз 30% афзуд
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 марти соли 2026
Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста