Имрӯз дар Душанбе Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини изҳор кард, ки дар марҳилаи кунунӣ узвияти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба УЕФА имконннопазир аст.
«Соли 1992 ин кишварҳо мустақилона иштирок дар мусобиқоти қораи Осиё, на Аврупоро интихоб карданд», - гуфт зимни нишасти хабарӣ М.Платини.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз агар ҳатто УЕФА аз ин кишварҳо дар ин хусус дархост гирад ҳам, баррасии ин масъала аллакай хеле дер шудааст. «Ин масъалаи душвори сиёсӣ буда, метавонад дар сатҳи олӣ миёни УЕФА ва Конфедератсияи футболи Осиё мухолифат ба вуҷуд оварад», - иброз дошт номбурда.
Платини ҳамчунин изҳор кард, ки дар ҳеҷ ҷое, аз ҷумла дар Тоҷикистон академияи футболи худро таъсис доданӣ нест. «Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баҳри омӯзишу сайқали таҷрибаи футболбозони ҷавони тоҷик академияи мустақили худро таъсис медиҳад», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини дирӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дидору гуфтушунид анҷом дод.
Президенти УЕФА ҳамчунин бо вазъи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аз наздик ошно гардида, ба рӯзноманигорон дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки «ин варзишгоҳ ба меъёрҳои талаботи маҳаллӣ ҷавобгӯ аст».
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста