Ягона варзишгари тоҷик Алишев Қудратов, ки дар Олимпиадаи зимистонаи имсола дар шаҳри Сочии Русия Тоҷикистонро намояндагӣ кард, санаи 22-юми феврал дар мусобиқоти лижаронӣ дар куҳ ширкат варзида, вале то марра (финиш) расида натавонист.

Бино ба маълумоти сомона расмии Олимпиада, Қудратов дар қатори боз 39лижарони дигар дар даври аввал то марра расида натавониста, аз идомаи минбаъдаи мусобиқот маҳрум шудаанд. Зикр мегардад, дар ин мусобиқа миёни 117 лижаронҳо танҳо ба 77 нафар муяссар шудааст, ки то ба марра бирасанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 23-юми феврал дар варзишгоҳи «Фишт»-и Сочи маросими ба итмом расидани Бозиҳои XXII-юми зимистона доир гардид. Дастаи Русия ҳам аз ҷиҳати шумори медалҳо ва ҳам аз рӯи медалҳои тилло рекорди нави кишварро гузошта, дар мусобиқоти даставӣ мақоми аввалро соҳиб гардид.

Дар ин Олимпиада варзишгарони рус ба гирифтани 33 медал – 13 медали тилло, 11 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ноил гардиданд.