Шоми рӯзи 25-уми март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттерро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди футбол ва таъмини оммавияти варзиш дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Йозеф Блаттер “Соли футболи оммавӣ” дар Тоҷикистон эълон гардидани соли 2014-ро иқдоми шоистаи дастгирӣ номида, изҳор дошт, ки “иштирок дар маросими оғози татбиқи ин ташаббус аз ҳадафҳои сафар”-и ӯ ба Тоҷикистон аст.
Тавре зикр гардид, тамошои бозии футболи дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб барои Шоҳҷоми Тоҷикистон ва супурдани Ҷоми олӣ ба дастаи ғолиб низ аз бандҳои барномаи боздиди ӯ аз шаҳри Душанбе аст”. Йозеф Блаттер, ҳамчунин дар расми ифтитоҳи майдони сунъии варзишгоҳи марказӣ, ки бо мадади ФИФА бунёд шудааст, ширкат меварзад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Йозеф Блаттер барои дастгириҳои пайвастаи ФИФА аз рушди футбол дар Тоҷикистон арзи хушӣ кард.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бунёди инфрасохтори варзишӣ, аз ҷумла доир ба сохтмони варзишгоҳҳо ва дигар иншооти ин соҳа ва тарғибу ташвиқи насли наврас ба тарзи ҳаёти солим боиси рушду тараққиёти босуръати футбол ва дигар намудҳои варзиш дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз президенти ФИФА дар ҷашнвораи кӯдкона ширкат варзида, ба Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон ҳусни оғоз хоҳад бахшид. Ин чорабинӣ соати 10-00 оғоз гардида, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Дар анҷоми ҷашнвора президенти ФИФА дар вазъи тантанавӣ майдони сунъӣ дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ хоҳад кард, ки тибқи барномаи «Гол-2»-и ФИФА сохта шуда, моҳи майи соли гузашта ба истифода дода шуда буд. Сипас роҳбари футболи ҷаҳонӣ ба сохтмони боз як майдони сунъии футбол дар Душанбе бо маблағгузории ФИФА дар паҳлӯи майдони бозии теннис низ ҳусни оғоз мебахшад.
Имрӯз ҳамчунин соати 11-00 Йозеф Блаттер дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» аз рӯи натиҷаҳои сафари худ ба Душанбе нишасти матбуотӣ барпо мекунад.
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста