Тибқи назарпурсии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), нимҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол» (Душанбе) Хуршед Маҳмудов, мураббии тими «Энергетик» (Душанбе) Алишер Тӯхтаев ва довари ФИФА Парвиз Муртазоев (Душанбе) бозингар, мураббӣ ва довари беҳтарин дар моҳи апрел дониста шуданд.
Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Хуршед Маҳмудов моҳи апрел 4 тӯбро ба ҳадаф расонида, нишонраси беҳтарини Лигаи олии футболи мамлакат аст. Дастаи «Энергетик» таҳти раҳбарии мураббӣ Алишер Тӯхтаев моҳи апрел се бозӣ (ду бозӣ дар сафар) анҷом дода, 5 имтиёз ба даст овард ва айни замон дар ҷадвал зинаи сеюмро ишғол мекунад. Моҳи апрел довари ФИФА Парвиз Муртазоев се бозӣ – «Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» (1:0), «Энергетик» - «Парвоз» (1:0) ва «КМВА «Помир» - «Регар-ТадАЗ» (0:3)-ро доварӣ кард.
Қобили зикр аст, ки ҷоизадорони моҳи апрел – Хуршед Маҳмудов, Алишер Тӯхтаев ва Парвиз Муртазоев аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳаҷми 500-сомонигӣ бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки дар моҳи март ҳамлагари тими «Истиқлол», легионер аз Гана Дэвид Мауто, сармураббии дастаи «Истиқлол» Мубин Эргашев ва довари ФИФА Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд беҳтарин бозигар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин довар эълон шуда буданд.
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста