Зепп Блаттер бори панҷум раиси Федератсияи ҷаҳонии футбол ё ФИФА интихоб шуд ва то соли 2019 дар ин мақом боқӣ хоҳад монд.

Бино ба иттилои Радиои «Озодӣ» , ӯ дар даври аввал 133 раъй гирифта, бо даст кашидани Алӣ бинни Ҳусейн аз рақобатҳо тавонист, ки мақоми худро то соли 2019 ҳифз намояд.

Гуфта мешавад, интихоботи раиси нави Федератсияи ҷаҳонии футбол баъд аз зӯҳри 29 май бо иштироки 209 вакили конгресси ФИФА дар Сюрихи Швейтсария баргузор шуд ва довталабони ин курсӣ - Зепп Блаттер ва Алӣ бинни Ҳусаейн, шоҳзодаи Урдун - буданд.

Аммо ҳардуи ин довталаб натавонистанд дар даври аввал раъйи кофӣ барои пирӯзиро ба даст биоранд. Дар даври аввали ин интихобот номзаде баранда мешавад, ки аз 209 раъйи вакилон ҳадди ақалл 140 овоз бигирад. Вале, бино ба гузоришҳо, Зепп Блаттер 133 раъй ва Алӣ бинни Ҳусейн ҳамагӣ 73 овоз гирифтаанд.

Зикр мегардад, ки барои дар мақоми худ боқӣ мондани Зепп Блаттер аз рақобат даст кашидани Алӣ бинни Ҳусайн “кумак” кардааст. Оқои Блаттер дар суханронии баъд аз пирӯзияш гуфт, пас аз ин дигар довталаби курсии президенти ФИФА нахоҳад шуд, балки баъд аз чаҳор соли дигар ин мақомро ба ҷойнишинаш хоҳад дод.