Дар Қазоқистон мусобиқаи қахрамонии дзюдои ҷаҳон идома дошта, аз рӯи натиҷаҳои 4 рӯзи мусобиқа дастаи Тоҷикистон алҳол медал ба даст наовардааст. Имрӯз варзишгари маъруфи даста Комроншоҳи Устопириён ба рақобат мепардозад.
Бино ба маълумоти радиои Озодӣ, қаблан гуштигири тоҷик Умед Абдураҳимов дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Марко Викисевич (Сербия) мағлуб гашт. Кароматулло Ҳакимов, ки дар аввалин рақобати худ бар Неоклис Скоуромоунис(Кипр) дастболо гардид, дар даври баъдӣ аз Ням-Очир Саинҷаргал (Муғулистон) шикаст хӯрд. Шӯҳратҷони Фархизода низ баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Ҷосуа Депрез (Гаити), дар даври дувум қувваозмоиро ба Ҷаромир Ҷезек (Ҷумҳурии Чех) бохт.
Дар вазни то 81 кило Саидҷамол Алимардонов бар варзишгари исландӣ ғолиб омада, вале дар даври баъдӣ аз Чоканаи Ласло шикаст хӯрд. Фарҳод Раҳимов дар қувваозмоии нахуст аз рӯи имтиёз рақобатро бар варзишгари Маҷористон (Вегрия) Саболс Крисан бохт.
Акнун танҳо Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кило), Саидҷалол Саидов (то 100 кило) ва Муҳаммадмурод Абдураҳимов (зиёда аз 100 кило) барои тими мунтахаби Тоҷикистон имкони медал ба даст оварданро доранд.
Имрӯз Компоншоҳи Устопириён бо гуштигири Чин Чен Хунгзао ба қувваозмоиҳои худ дар ин мусобиқа шурӯъ мекунад.
Дар ин мусобиқа 729 гуштигир (432 мард ва 297 зан) аз 120 кишвари ҷаҳон барои 14 маҷмӯи медалҳо дар сабқати инфиродӣ байни мардону занон, инчунин барои ду маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаӣ мубориза мебаранд.
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста