Чемпиони дукаратаи Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ваколати чемпиониашро анҷом дод.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар бозии нимниҳоӣ чемпион аз дастаи «Антикоррупсия» тавассути зарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3 бар 4 мағлуб шуд. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт. Ин нахустин бохти дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар давоми се соли иштирокаш дар ин мусобиқа мебошад.
Гуфта мешавад, дар бозии дигари нимниҳоӣ соҳибони мусобиқа дастаи «Истиқлол» бар «Ориёнбонк» бо ҳисоби 7 бар 4 пирӯз шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки ба ин тартиб, рузи шанбеи 5 сентябр дар бозӣ барои ҷои сеюм «Ориёнбонк» бо ФФТ ва дар бозии ниҳоӣ «Истиқлол» бо «Антикоррупсия» рақобат мекунанд. Оғози бозиҳо мутаносибан соати 18.00 ва 19.00.
Ёдрас мешавад, ки мукофотпулии сеюмин Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» 70 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ, финалисти мусобиқа бо маблағ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва ҷоизадори медалҳои биринҷӣ бошад бо маблағ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Арабистони Саудӣ гувоҳномаи эмгузаронӣ аз менингитро талаб мекунад. Дар куҷои Тоҷикистон метавон эм гирифт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста