Дар Куала-Лумпур имрӯз маросими қуръакашии даври гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 баргузор гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон - дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «В» қарор гирифта, тимхои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файҳалӣ»-и Урдун ва ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон) - «Олой» (Қирғизистон) ҳарифонаш мебошанд.

Дорандаи медалҳои нукраи чемпионати имсола - дастаи «Хуҷанд»-и шахри Хуҷанд дар сурати пирӯзӣ дар вохӯрӣ бо тими «Аҳлӣ Ал-Халилӣ» (9 феврал) дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн), «Фанҷа» (Уммон) ва «Ал-Ҷайш» (Сурия) рақобат хоҳад кард.

Дар даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар 8 гурӯҳ (4 даста дар ҳар кадоме аз гурӯҳҳо) 32 даста бо ҳам рақобат карда, бо анҷоми он ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба даври минбаъда роҳ меёбанд. Дастае, ки дар гурӯҳи худ зинаи аввалро ишғол мекунад, дар бозии даври 1/8 финалӣ (аз 1 бозӣ иборат аст) ҳарифаашро дар майдони худ қабул мекунад.

Бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар муҳлатҳои зерин баргузор мешаванд: 23-24 феврал (даври 1-ум), 8-9 март (даври 2-юм), 15-16 март (даври 3-юм), 12-13 апрел (даври 4-ум), 26-27 апрел (даври 5-ум) ва 10-11 май (даври 6-ум).

Бозиҳои даври 1/8 финалӣ рӯзҳои 24-25 май; даври чорякфиналӣ - 13-14 сентябр (бозиҳои аввал) ва 20-21 сентябр (бозиҳои ҷавобӣ); даври нимфиналӣ - 27-28 сентябр (бозиҳои аввал) ва 18-19 октябр (бозиҳои ҷавобӣ) ва бозии финалӣ 5 ноябр доир мегарданд.