Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод Зелимхон Юсуповро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот ба муддати 4 сол маҳрум кард.
Зелимхон Юсуов аз ҷониби комиссияи зидди допинг ба истифодаи допинг дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамони Осиё оид ба гуштии озод дар Қатар гунаҳкор дониста шудааст.
Моҳи майи соли равон баъди қуваозмоии финалӣ дар мусобиқоти қаҳрамони Осиё дар Қатар аз Зелимхон Юсупов барои ташхис пешоб гирифта шуда, натиҷаи он нишон додааст, ки дар бадани варзишгар доруи истифодааш манъшудаи «диметилбутиламин» вуҷуд доштааст. Ин дору дар рӯйхати маводи манъшудаи Агентии байнулмилалии зидди допинг (WADA) зикр гардидааст.
Ҳамин тариқ Зелимхон Юсупов аз медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё маҳрум гардида, он ба варзишгари қирғиз Эламан Догдурбек уулу супурда мешавад.
Ғайр аз ин, Зелимхон Юсупов аз гирифтани стипендия дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА, кидар доираи омодагӣ ба озиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дастрас мекард, низ марҳур карда мешавад.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар пайи моҷарои допинг Зелимхон Юсуповро аз рӯйхати номзадҳо ба дастаи мунтахаби олимпӣ инз хориҷ кардааст.
Зелимхон Юсупов зода ва сокини Ҷумҳурии Доғистони Русия буда, ба узвияти дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба сифати «леионер» пазируфта шудааст.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста