Дар Ниммарафони VIII байнулмилалии Душанбе, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ба муносибати Рӯзи пойтахт доир гардид, миёни мардон намояндаи Эфиопия Ҷирма Теляхум ва байни замон намояндаи Қирғизистон - Виктория Полудня ғолиб омаданд.

Ниммарафон соати 09:00 аз боғи «Наврӯзгоҳ» (ипподром) шурӯъ шуда, иштирокчиёни мусобиқа тариқи гузаргоҳи Чорбоғ дар қисмати шимолии пойтахт масофаи беш аз 21 километрро тай карда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ масофаро ба анҷом расониданд.

Миёни мардон бо вақти 1 соату 4 дақиқаву 59 сония варзишгари эфиопӣ Ҷирма Теляхум ва байни замон бо нишондиҳандаи 1 соату 13 дақиқаву 19 сония варзишгарзан аз Қирғизистон Виктория Полудня аввалин шуда ба марра расиданд.

Зинаҳои дигарро байни мардон: 2 - Мания Тамоел Вайтака (Кения); 3 - Адилет Китакбеков (Қирғизистон); 4 - Михаил Красивов (Қазоқистон); 5 - Андрей Петров (Ӯзбекистон) ва 6 - Муҳаммадҷавод Сайёдӣ (Эрон) ишғол намуданд.

Байни занон зинаи 2-юмро - Юлия Шматенко (Украина); 3 - Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон); 4 - Марина Хмелевская (Ӯзбекистон); 5 - Энджиджи Пуалайн (Кения) ва мақоми 6-умро Гулҷанта Ҷанатбек (Қазоқистон) касб карданд.

Ба ғолибон, зинаҳои аз 1 то 6-ум байни ҳам мардону ҳам занон мукофотпулиҳои зерин тақдим карда шуданд: ҷойи 1-ум - 28 ҳазору 700 сомонӣ; зинаи 2-юм - 24 ҳазору 600 сомонӣ;, мақоми 3-юм - 20 ҳазору 500 сомонӣ; ҷойи 4-ум - 16 ҳазору 400 сомонӣ; зинаи 5-ум - 14 ҳазору 760 сомонӣ ва мақоми 6-ум - 12 ҳазору 300 сомонӣ.

Ниммарафони байнулмилалӣ ҳамасола дар ҷашни Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад. Имсол дар робита ба баргузории ниммарафон аз фонди раиси шаҳр 316 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор доллар) маблағ ҷудо карда шуд.

Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.

Соли гузашта дар ниммарафони байнулмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон варзишгари кениягӣ Кибого Вилсон ва Даря Маслова аз Қирғизистон ғолибият ба даст оварда буданд, ки масофаи беш аз 21 километрро дар муддати 1,5 соат тай карда буданд.