Дар доираи марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2018 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бори дуюм бар тими «Олой»-и Ош (Қирғизистон) дастболо шуд.

Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфта, голҳоро аз дастаи «Истиқлол» футболбозон Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов ва Дилшод Восиев ба ҳадаф расониданд.

Ҳамин тариқ, бо касби 10 имтиёз дастаи «Истиқлол» дар гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2018 пешсаф аст. Дар бозии аввали ин дастаҳо санаи 11 апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор «Истиқлол» бар «Олой» бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуда буд.

Дар давраи навбатии рӯзи 1 май «Истиқлол» дар Ашқобод бо дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Туркманистон - «Аҳал» бозӣ карда, дар даври ниҳоӣ санаи 16 май дар майдони худ тими «Олтин Асир» - чемпиони Туркманистонро қабул мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.