Дар мусобиқаи байнулмилалии футбол байни наврасон (U-12) барои дарёфти Ҷоми водии Фарғона дастаи наврасони Суғд ба пирӯзӣ ноил гардид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқа чор даста – вилояти Суғд (Тоҷикистон), Академияи Ош, вилояти Ботканд (Қирғизистон) ва Нефтчӣ” (Ӯзбекистон) ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, наврасони вилояти Суғд бар дастаи Академияи Ош бо ҳисоби 4 бар 0, вилояти Ботканд – 3 бар 1 ва “Нефтчӣ” – 1 бар 0 дастболо шуда, ба Ҷоми водии Фарғона соҳиб шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки бозигари дастаи вилояти Суғд Муҳаммадҷон Исломов нишонзани беҳтарини мусобиқа шуд. Беҳзод Ҳакимов – дарвозабони беҳтарин дониста шуда, Асрорҷон Шораҷабов ба ҷоизаи беҳтарин сармураббӣ сазовор дониста шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.