Рӯзҳои 9-11 ноябри соли равон дар шаҳри Бухарест – пойтахти Руминия – чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон баргузор мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, беҳтарин варзишгарон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмуъ миёни мардон, 9 маҷмуъ миёни бонувон, 9 маҷмуъ дар самбои размӣ) дар пойтахти Руминия ҷамъ меоянд.
Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби ҷумҳурии мо дар ҳайати 10 нафар – 8 нафар дар самбои варзишӣ, 2 нафар дар самбои размӣ – муайян гардид:
Самбои варзишӣ: вазни -52кг – Ҷомии Ҳасан; вазни -57кг – Акмалиддин Каримов; вазни -62кг – Хушқадам Хусравов; вазни -68кг – Мустафо Ҳасанов; вазни -74кг – Беҳрӯз Хоҷазода; вазни -82кг – Зафар Олимшоев; вазни -90кг – Комроншоҳ Устопириён; вазни -100кг – Муҳаммадризо Қурбонзода;
Самбои размӣ: вазни -62кг – Сорбон Латифов ва вазни -68кг – Умед Муҳиддинов.
Зимнан зикр мегардад, ки Федератсияи байналмилалии самбо дар чемпионати ҷашни 80-солагии самбо фонди ҷоизавии чемпионати ҷаҳонро дар ҳаҷми 216 ҳазор доллари ИМА тасдиқ кард. Варзишгароне, ки сазовори медал мегарданд, ҷоизапулӣ низ дарёфт мекунанд: ҷойи 1 – 3 ҳазор доллари ИМА; ҷойи 2 – 2 ҳазор доллари ИМА ва ҷойи 3 – 1 ҳазору 500 доллари ИМА.
Ёдрас мешавад, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо соли гузашта дар Сочи варзишгари маъруфи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Акмалиддин Каримов ва Набимуҳаммад Хоркашев сазовори медали нуқра, Зафар Олимшоев ва Сорбон Латифов сазовори медали биринҷӣ гардида буданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.