Паҳлавони шинохтаи кишвар Хушқадам Хусравов дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Хушқадам дар қувваозмоии вазни -62кг дар даври аввал бар Рафелин Перез (Доминикан), дар даври дуюм бар Ҳристо Георгиев (Булғория), дар чорякфинал бар Генади Чиргадзе (Гурҷистон), дар нимфинал бар Дмитро Левдошенко (Украина) ва дар финал бар варзишгари Русия Руслан Багдасарян ғолиб омада, медали тиллои чемпионатро ба гардан овехт.
Дар рӯзи сеюми чемпионат варзишгарони дигари мо – Зафар Олимшоев (-82кг) дар самбои варзишӣ, Умедҷон Муҳиддинов (-68кг) ва Солеҳ Ҳасанов (-90кг) дар самбои размӣ аз медал бенасиб монданд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони мо Акмалиддин Каримов дар вазни -57, Хоҷазода Беҳрӯз дар вазни -74кг дар самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов дар вазни -62кг-и самбои размӣ дар рӯзи дуюми чемпионат ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Умуман, варзишгарони мо дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар соли 2018 сазовори 4 медал – 1 тилло, 3 биринҷӣ гардиданд.
Хушқадам Хусравов чемпиони сеюм оид ба самбо дар таърихи Тоҷикистон аст. Аввалин медали қаҳрамонии ҷаҳонро барои Тоҷикистон варзишгари маъруф Саидмумин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Минск ба даст оварда буд. Моҳи ноябри соли гузашта гуштигири 23-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ба медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Сочи шарафёб гардид.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Бахши кишоварзии Тоҷикистон: Ҳамаи нишондиҳандаҳо афзуданд, ба ҷуз пахтакорӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста