Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2018) мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври ниҳоии чемпионати CAFA бар тими Афғонистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, сазовори медали биринҷӣ гардид.

Гуфта мешавад, дар бозӣ бо дастаи бонувони Афғонистон дар ҳайати тими бонувони мо Мадина Фозилова, Шукронаи Ҷумъахон дуголӣ, Лайло Ҳалимова як гол ба ҳадаф расониданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол барандаи медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2018 гардид. Дар мусобиқаи мазкур, ки дар Тошканд доир гашт, мунтахаби бонувони мо бо роҳбарии Сулаймон Бобокалонов аз 12 холи имконпазир 6 хол ба даст оварданд. Футболбозбонувони мо бар дастаҳои Қирғизистон (1:0) ва Афғонистон (5:0) ғалаба карда, аз дастаҳои Ӯзбекистон (0:11) ва Эрон (1:4) мағлуб шуданд.

fft.tj

Дастаи бонувони Ӯзбекистон, ки дар ҳар 4 бозӣ ғалаба кард, ғолиби чемпионат шуд. Медалҳои нуқра насиби тими Эрон гардид. Қирғизистон ҷои чорум, Афғонистон ҷои панҷумро ишғол карданд.

Пас аз натиҷагирии чемпионати CAFA дар Тошканд, мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар баробари медалҳои биринҷӣ, ҳамчун дастаи боинтизоми чемпионат ҷоизаи фахрии «Fair play»-ро сазовор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.