Намояндагони варзиши сабуки Тоҷикистон дар Мусобиқаи V байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоизаҳои чемпиони олимпӣ Олга Рипакова дар шаҳри Уст-Каменогорски Қазоқистон ду медал ба даст оварданд.

Бо натиҷаи 1:53.39 дақиқа дар мусобиқаи давидан ба масофаи 800 метр Одилшо Исматов ба дарёфти медали нуқра шарфёб гардид. Натиҷаи ғолиби ин мусобиқаи давидан Хуршед Аҳмадалиев аз Ӯзбекистон 19 сония беҳтар аст.

Дар рақобати давидан ба масофаи 400 метр байни занон намояндаи Тоҷикистон Кристина Пронженко бо натиҷаи 55.72 сония ба медали биринҷӣ соҳиб шуд.

Қобили зикр аст, ки бо ин натиҷаҳо ҳарду намояндаи Тоҷикистон ба дарёфти рекордҳои миллии ҷумҳурӣ ноил гардиданд.

Бино ба маълумоти дастандаркорони чорабинӣ, дар ин мусобиқа, варзишгарон аз Украина, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Туркия, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қазоқистон ширкат варзида, аксари онҳо бори нахуст дар он ҳузур доштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.