Дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон бозии даври якуми мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. 

Тибқи иттилои манбаъ, қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом пазируфта, дар қисми дуюми бозӣ футболбозони тоҷик дарвозабони дастаи мунтахаби Ҳиндустонро маҷбур намуданд, ки чор бор тӯбро аз дарвозааш берун орад.

Гуфта мешавад, ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон  Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро бо пирӯзӣ оғоз намуд. Дар даври дуюм, санаи 10 июл мунтахаби Тоҷикистон бо тими Сурия бозӣ мекунад, ки имрӯз вохӯрии ин даста бо Кореяи Шимолӣ доир мегардад. Дар даври ниҳоӣ, санаи 15 июл футболбозони тоҷик бо дастаи Кореяи Шимолӣ вомехӯранд.

Дар мусобиқаи байнулмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дастаҳо якборӣ бо ҳам вохӯрда, сипас аз рӯи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ, ду дастаи беҳтарин санаи 19 июл дар бозии финалӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «ЕКА Arena» дар шаҳри Аҳмадобод, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 дақиқа ба вақти Душанбе) оғоз мешаванд.