Муштзани маъруфи кишвар, чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов дар 21-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов сазовори медали нуқра гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, XXI мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов бо иштироки беш аз 150 варзишгар аз 21 давлат дар Каспийски Доғистон сурат гирифт.

Гуфта мешавад, Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кило бар се муштзани кишвари мизбон – Курбан Курбанмагамедов, Рашид Янгазиев, Дмитрий Кужков ва намояндаи Тунис Акрам Ҳаҷ Аовива дастболо гардида, ба финал роҳ ёфт, вале дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи дигари кишвари мизбон Гусейн Магамедов мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд.

Зикр мегардад, ки 5 варзишгари дигари мо – Шермуҳаммад Рустамов (49кг), Бахтовар Сагизов (56кг), Наврӯз Ҷафоев (75кг), Далерҷон Сулаймонов (91кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91) дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.

Ёдрас мешавад, ки Баҳодур Усмонов моҳи апрели соли равон дар Чемпионати Осиё ва ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкек (Қирғизистон) ва Атирау (Қазоқистон) сазовори се медали тилло, дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.