Рӯзи 12-уми сентябр маросими муаррифии сармураббии нави дастаи мунтахаби футзал (футболи хурд)-и Тоҷикистон мутахассиси Сербия Деян Дедович 46-сола доир гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ӯ ҳамзамон вазифаи сармураббиро дар дастаи футзали “Сипар”-и Хуҷанд иҷро мекунад.

“Роҳбарӣ ба дастаи футзали Тоҷикистон барои ман санҷиши бузург аст, - гуфт Деян Дедович. - Сармураббии пешини даста Ҳусейн Шодиев ва мураббии мунтахаби ҷавонони то синни 20-солаи ҷумҳурӣ Эраҷ Носеҳов дар ситоди сармураббиён ба ман кумак мекунанд”.

Сармураббии нав гуфт, ки назди ӯ вазифа гузошта шудааст, бо дастаи Тоҷикистон ба даври финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирад.

“Дар марҳилаи интихобӣ, ки аз 23 то 25 октябр дар Эрон баргузор мешавад, мо дар як гурӯҳ бо тимҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал бозӣ мекунем. Барои дарёфти роҳхат ба Чемпионати Осиё ба мо ду ғалаба зарур аст”, - иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи Дедович, ҳафтаи оянда омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо тимҳои АМА ва Баҳрайн оғоз мегардад, ки рӯзҳои 25-26 ва 29-30-юми сентябр мутаносибан дар Дубай ва Манама баргузор мешаванд. Барои иштирок дар онҳо ба дастаи мунтахаб 14 нафар бозигарон даъват мешаванд.

Сурат: ФФТ

“Даҳ бозии охири мунтахаби футзали Тоҷикистонро таҳлил карда, ба Федератсияи футболи кишвар гузориш додам. Мо бояд тафаккури бозигарони дастаи мунтахабро тағйир диҳем, то ки дар онҳо рӯҳияи ғолибу комёб ташаккул ёбад”, - афзуд сармурабии нави мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.