Ин шом вохӯрии даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷопон бо ҳисоби 0:3 ба анҷом расид.

Футболбозони тоҷик дар қисми аввали бозӣ маҳорати хуб нишон доданд, вале ягон тӯб ба дарвозаи ҳариф ворид карда натавонистанд.

Ҳисоб дар қисми дуюм кушода шуд. Ҳамлагари ҷопонӣ Такуми Минамино дар дақиқаҳои 53 ва 55-уми бозӣ ба дарвозаи Тоҷикистон ду тӯб ворид кард. Голи сеюмро футболбози дигари ҷопонӣ Такума Асано дар дақиқаи 81-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопонро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе беш аз 19 ҳазор ҳаводори футбол тамошо карданд.

Asia-Plus

Даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 идома дорад. Тими Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» ҳамчунин бо дастаҳои Қирғизистон, Мянма ва Муғулистон бозӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.