Дар шаҳри Шаосинги Чин рӯзи 17 октябр Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва калонсолон шурӯъ гардид, ки то 20 октябр идома меёбад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ Шаҳриёр Даминов ва Нурмуҳаммади Тоҳир миёни калонсолон иштирок доранд.
Гуфта мешавад, Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр қувва озмуда, бо натиҷаи 18:23,70 сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид. Дар ин масофа 19 варзишгар аз 12 давлати ҷаҳон иштирок карданд. Шаҳриёр бо ин нишондод дар сатҳи ҷаҳон ҷои 15-умро ишғол кард.
“Медали тиллои Чемпионати Осиё насиби варзишгари Чин Зиҳанг Ванг бо натиҷаи 17:12,47, медали биринҷӣ насиби Иссеӣ Такенака аз Ҷопон бо натиҷаи 18:45,78 гардид”, - қайд мешавад дар хабар.
Зикр мегардад, ки дар сатҳи ҷаҳон варзишгарони Испания Диего Ромеро (16:17,54) ва Мануэл Кампос (16:18,86) ду ҷои аввалро ба даст оварданд. Мақоми сеюм насиби варзишгари Чех Яқуб Березина (16:24.15) шуд.
Варзишгари дигари Тоҷикистон Нурмуҳаммади Тоҳир дар байдаркаи якнафарӣ (К1) ба масофаи 3600 метр дар даври интихобӣ охирин шуда ба марра расид ва ба финал роҳ пайдо накард. Дар ин қувваозмоӣ 33 нафар иштирок доштанд.
Фардо, 19 октябр варзишгарони тоҷик дар масофаи миёна (26 км) нерӯ месанҷанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Бахши кишоварзии Тоҷикистон: Ҳамаи нишондиҳандаҳо афзуданд, ба ҷуз пахтакорӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста