Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии сербиягӣ Деян Дедович дар бозии аввали гурӯҳи “А”-и мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал (футбол дар толор) дастаи Непалро бо ҳисоби калони 6 бар 0 мағлуб кард.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дигари гурӯҳи”А” байни дастаҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби 6 бар 2 ба фоидаи футболбозони ӯзбек анҷом ёфтааст.
Гуфта мешавад, дар даври дуюми ин мусобиқа футболбозони тоҷик имрӯз, 24у-ми октябр бо тими Афғонистон бозӣ мекунанд. Вохӯрӣ дар шаҳри Урмияи Эрон соати 14:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Қобили зикр аст, ки ба даври финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал-2020, ки соли оянда дар Туркманистон доир мегардад, ду дастаи зинаҳои аввал аз ҳар кадом гурӯҳи минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ роҳхат мегиранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.