Муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов имрӯз, 11-уми март аввалин роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро миёни варзишгарони Тоҷикистон ба даст овард.
Ӯ дар қувваозмоии даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун ҷараён дорад, бар варзишгари Эрон Ашкон Ризоӣ пирӯз шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Баҳодур Усмонов дар даври муқаддамотии ин мусобиқа бар варзишгари Непал Санил Шаҳӣ ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Обада Алкасба мағлуб шуд.
Дар баробари Баҳодур Усмонов, дар вазни -63кг ҳамчунин Обада Алкасба (Урдун), Закир Сафиулин (Қазоқистон), Баатарсуҳиин Чинзориг (Муғулистон), Элнур Абдураимов (Узбекистон) ва Маниш Каушик (Ҳиндустон) ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро, ки аз 24 июл то 9 августи соли равон дар Токиои Ҷопон доир мегардад, пайдо карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста