Бозии аввали даври гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми КФО-2020 байни ду дастаи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи футболбозони душанбегӣ анҷом ёфт.

Тавре дафтари матбуоти дастаи “Истиқлол” хабар медиҳад, бозӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бе ҳузури тамошобинон доир гардида, ҳар ду тӯбро ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 21 ва 29-ум ба ҳадаф расонид.

Гуфта мешавад, Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин бозингари вохӯрии даври аввали Ҷоми КФО-2020 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” номида шудааст.

Федератсияи футболи ҷумҳурӣ бо дастгирӣ аз тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон доир ба кам кардани баргузории чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии хатари коронавирус тасмим гирифт, ки ин бозӣ бе ҳузури тамошобинон баргузор мешавад.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дигар дар гурӯҳи «D» байни тимҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Олтин Асир” (Туркманистон), ки низ бояд рӯзи 11-evb март доир мегардид, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Дар даври дуюми мусобиқа “Истиқлол” дар Ашқобод бо “Олтин Асир” бозӣ карда, “Хуҷанд” дар майдони худ “Дордой”-ро қабул мекунад. Ин вохӯриҳо бояд рӯзи 15-evb апрел баргузор шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.