Бозиҳои даври 15-уми мавқуфгузошта байни дастаҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, як давр пеш аз итмоми мусобиқаи 29-уми чемпионати Лигаи олии футболи мамлакат қаҳрамони 7-каратаи футболи Тоҷикистон - дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ҳамаи имкони дар Лигаи олии футбол боқӣ монданро аз даст дода, дар мавсими соли оянда дар Лигаи якум бозӣ мекунад, ки дар таърихи даста бори аввал аст.

Баъди ғалаба дар майдони худ бар дастаи “Файзқанд” (5:2) тими “Истаравшан” сарфи назар аз натиҷаи вохӯрии даври охир, дар Лигаи олӣ боқӣ мемонад.

Боз як дастаи дигаре, ки ҳамроҳи “Регар-ТадАЗ” бояд имсол Лигаи олиро тарк кунад, дар даври охир - дар бозии “Файзқанд”-и Восеъ ва “Локомотив-Помир”-и Душанбе маълум мешавад. Барои боқӣ мондан дар Лигаи олӣ натиҷаи мусовӣ барои “Файзқанд” басанда буда, лекин душанбегиҳо танҳо дар сурати ғалабаашон дар Лигаи олӣ боқӣ мемонанд.

Дорандаи медалҳои биринҷии мавсими футболи 2020 дар Лигаи олӣ низ дар даври охир, ки рӯзи якшанбе, 4 октябр доир мегардад, муайян мешавад. Се даста - КМВА (ССКА), “Кӯктош” ва “Хатлон” ба дарёфти медалҳои биринҷӣ довталабӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки медалҳои тилло ва нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистонро дар мавсим имсола пеш аз муҳлат дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба даст оварданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.